Русия хабари CNBC дар бораи гум шудани мушаки ҳастаияшро рад кард
Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гузориши шабакаи телевизионии Амрикоро рад кард, ки мегӯяд, Русия мушаки ҳастаияшро дар баҳри Барентс гум кард ва акнун барои ёфтанаш амалиёти махсус оғоз кардааст.
Шабакаи телевизионии CNBC рӯзи 21 август гуфт, мушаки ҳастаии Русия, ки ҳангоми тамрини номуваффақи соли 2017 дар баҳр гум шуда буд, ҳануз ҳам пайдо нашудааст.
Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунин гуфт, ки ба амалиёти ҷустуҷӯӣ се кишитӣ, бо шумули киштии муҷаҳҳаз барои коркарди маводи радиоактивӣ ҷалб шудааст.
Песков рӯзи 22 август гуфт, ки "ба фарқ аз телевизиони ИМА, ман чунин маълумот надорам" ва афзуд, ки хабарнигорон ба ин суол бояд бо мутахасисони Вазорати дифои Русия дар тамос шаванд.
Президенти Русия Владимир Путин моҳи март аз мушаки наве ситоиш ва эълон кард, ки парвози мушаки нав домани номаҳдуд дорад.