World News in Tajik

Ошкор шудани миллиардҳои Русия ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар Danke Bank

Дар пасманзари ҷанҷоли шустушӯи пул тавассути шохаи Danke Bank дар Эстония, мудири кулли бузургтарин бонки Денмарк истеъфо медиҳад.


Ҳолло Danke Bank​ гузоришеро барои пахш омода кардааст ва мегӯяд, ин санад гардиши миллиардҳо еврои Русия ва кишварҳои собиқ Шӯравиро, ки ба воситаи шохаи ин банк дар Эстония гузаштаанд, ошкор мекунад. 


Интизор меравад, ки Danke Bank рӯзи 19 сентябр нуктаҳои муҳими мушкилоти пулшӯӣ ва нокомии танзимгарони Аврпуо дар пешгирӣ аз он, махсусан дар кишварҳои назди Балтикро ошкор мекунад.


Гузоришҳои ахири матуботӣ  мегӯянд, ки то 150 миллиард доллар тавассути шохаи Danke Bank дар Естония гузаштааст. 


Аввоили моҳи равон The Wall Street Journal  гузориш дод, ки мақомоти Амрико низ шустушӯи пул тавассути Danke Bank-ро бозҷӯӣ мекунанд.

Читайте на сайте