World News in Tajik

Трамп дархости Лаҳистонро барои пойгоҳи доимӣ дар он кишвар меомӯзад

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дархости Лаҳистонро барои ҳузури низомии доимӣ Амрико дар қаламрави он кишвар меомӯзад. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи гузашта қабл аз мулоқот бо президенти Лаҳистон Анҷеа Дуда дар Вашингтон хабар дод.


Лаҳистон кайҳо боз хостори истиқрори доимии нерӯҳои Амрико дар қаламраваш аст. Ба гуфтаи Анҷеа Дуда, дар сурати таҷовузи Русия ин ягона кафолати амният аст, зеро Маскав солҳои ахир ҳузури низомиашро дар Аврупои Шарқӣ афзоиш медиҳад.


Президенти Лаҳистон гуфт, ки ҳузури низомиёни Амрико дар хоки Лаҳистон ҷавобгӯи манофеи Варшава ва Вашингтон аст. Трамп бо назари ҳамтои лаҳистониаш розӣ шуд ва гуфт, ки ин дархостро меомӯзад. 


Хабари эҳтимоли истиқрори нерӯҳои ИМА дар хоки Лаҳистон моҳи май пайдо шуд. Вазири дифои он кишвар Мариуш Блашак гуфт, ки кишвараш омодааст барои рушди ин тарҳ то 2 миллиард доллар ҷудо кунад.


 

Читайте на сайте