Мирзиёев бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меравад
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 27-28 сентябр аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора сухангӯи Мирзиёев -- Комил Алламҷонов дар Фейсбук хабар дод.
"Дар рӯзи якуми сафар як қатор чорабиниҳои дуҷониба дар назар аст. Президент 28 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Баргузории гуфтугӯҳо дар доираи хурду васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст", - навиштааст сухангӯи президенти Ӯзбекистон.
Раҳбарони ду кишвар бори охир моҳи августи соли равон дар шаҳри Тошканд мулоқот карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 август сафари давлатиро дар Узбекистон анҷом дод, ки дар 20 соли ахир бори аввал сурат гирифтааст.