World News in Tajik

Раиси Шӯрои низомии Судон аз мақоми худ канор рафт

Авод ибни Авф, вазири дифои Судон, рӯзи 12-уми апрел аз мақоми раҳбари Шӯрои низомии давраи гузор дар кишвараш истеъфо дод.


Афв як рӯз пеш аз он дар пайи барканории Умар ал-Башир аз курсии раёсати ҷумҳурӣ, раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ шуда буд.


Ӯ гуфт, "ман ба унвони раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ эълон мекунам, ки истеъфо медиҳам ва генерал Абдулфаттоҳ Бурҳонро ба унвони раҳбари ин шӯро интихоб мекунам."


Ҳукумати 30-солаи Умар ал-Башир рӯзи панҷшанбеи гузашта, пас аз эътирозҳои чандҳафтаӣ зидди ӯ, поён ёфт. Ӯ соли 1989 дар натиҷаи кудето ё табаддулот ба сари қудрат омада буд. 


Эътирозҳо дар Судон чанд моҳ пеш нахуст аз вазъи бади иқтисодиву болоравии нархҳо оғоз шуд ва баъдан ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ табдил ёфт.

Читайте на сайте