World News in Tajik
Декабрь
2017
1
3
5
6
7
10
11
13
14
16
17
18
21
23
24

Новости за 28.12.2017

Ozodi.org 

Мусофиркашии Бобои барфӣ дар Душанбе

Дар остонаи Соли нав, бобоҳои барфиро на танҳо дар гирди арчаҳои ороста, балки дар дохили мусофирбарҳои Душанбе ҳам дидан мумкин аст, ки бо сарулибоси худ барои мусофирон муҳити идонаро фароҳам мекунанд

Ozodi.org 

Мусофиркашии Бобои барфӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Дар остонаи Соли нав, бобоҳои барфиро на танҳо дар гирди арчаҳои ороста, балки дар дохили мусофирбарҳои Душанбе ҳам дидан мумкин аст, ки бо сарулибоси худ барои мусофирон муҳити идонаро фароҳам мекунанд.

Ozodi.org 

Ҷасади ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистонро ташхис мекунанд

Мақомоти интизомӣ тасмим гирифтанд ҷасади хонум Майрам Набиева, ҳамсари президенти нахустини Тоҷикистон Раҳмон Набиевро, ки дар паи сӯхторе дар манзилаш дар Хуҷанд рӯзи 28 декабр ҷони худро аз даст додааст, ба ташхиси тиббӣ фиристанд.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон фарзандони "бемеҳр"-ро ҷазо медиҳанд

Рӯзи 21-уми декабр Маҷлиси миллӣ тарҳи иловаҳо ба қонуни ҷиноиро, ки ҷазои сахттар ба фарзандони бемасъулиятро пешбинӣ мекунад, қабул кард. Фарзандоне, ки аз нигоҳубини падару модари барҷомонда даст мекашанд, то се сол зиндонӣ мешаванд. Хабарнигори мо аз раҳгузарон пурсид, ки ба чунин ҷазое розианд?

Ozodi.org 

Аз таъмини субот то маҳудияти озодии шаҳрвандон. Бардошт аз кори КДАМ дар Тоҷикистон

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ", ки 28 декабр дар маросиме дар Душанбе баргузор шуд, се масъаларо ҳамчун мушкилоти умдаи кори ходимони амнияти миллӣ унвон кард.

Ozodi.org 

Ҳалокати 41 нафар дар ҳамлаи Кобул

Дар пайи ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр ба бинои як маркази фарҳангӣ ва қароргоҳи хабаргузории "Садои афғон" дар ғарби шаҳри Кобул, 41 нафар ҷон бохта ва 84 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ozodi.org 

Гурӯҳи дигари "парвандаи Нардарон" ба зиндон рафт

Додгоҳи Боку гурӯҳи иборат аз 12 нафарро дар заминаи як парвандаи пурсару садо, ки бо номи "парвандаи Нардарон" машҳур аст, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Ин гурӯҳ дар фаъолиятҳои террористӣ, даъвати оммавии сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани адовати мазҳабӣ ва иҷтимоӣ муҷрим эълон шуд.  Додгоҳи шаҳри Боку оиди ҷиноятҳои вазинин рӯзи 28 декабр охирин гурӯҳи "парвандаи Нардарон"-ро ба мӯҳлати аз 12 то 15 сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеъ ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ унвон карданд ва гуфтанд, ки онро дар додгоҳи болотар ба чолиш мекашанд.

Ozodi.org 

«Воооо! Барф, барф борид, акнун барфӣ менависам!»

Бо ин нидо Саъдии 10-сола саросема вориди хона шуда, аз миёни ашёҳои мактабиаш варақи холӣ мекофт, то барои ҳамсояҳо нома навишта барояшон муждаи боридани барфро расонад ва ҳам аз онҳо чизе бихоҳад.

Ozodi.org 

АП: Ҳамсари Раҳмон Набиев дар сӯхтор даргузашт

Дар шаҳри Хуҷанд дар паи сӯхтор дар манзили президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ҳамсари 78-солаи ӯ Майрам Набиева даргузашт. Дар ин бора оҷонсии «Азия-плюс» хабар дод. Ин ҳодиса баъди нисфирӯзии 28 декабр рух додааст. Нашрия менависад, ки ҳамсари Набиев дар хона танҳо буд. Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Яке аз наздикони хонаводаи Набиевҳо ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки ду фарзанди Набиев – Рустам ва Мунаввара қарор аст имшаб ба Хуҷанд барои хоксупории модарашон бираванд.   Худи Раҳмон Набиев 11 апрели соли 1993 даргузашт.

Ozodi.org 

КМИР номзадии Путинро ба мақоми президентӣ сабт кард

Камиссияи Марказии Интихоботи Русия  Владимир Путин - раиси ҷумҳури феълии ин кишварро ба мақоми президентӣ сабти ном кард. Ба Путин иҷозат доданд, ки ҳисоби махсуси интихоботӣ таъсис диҳад ва маъракаи тарғиботиашро расман оғоз кунад. Путин санадҳояшро рӯзи 27 декабр ба КМИР супурд.  Як рӯз пеш аз он маросими расмии пешбарии номзадии ӯ баргузор шуд. Худи Путин бинобар "серкорӣ" натавонист дар ин маърака иштирок кунад. Путин 65-сола аст ва зимоми қудрати Русияро аз соли 1999 дар даст дорад.  Ӯ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гумонбари қатли бародари додситони пешини Қирғизистон боздошт шуд

Гумонбари асли куштори Улан Салянов-  бародари додситони пешин ва намояндаи мардумӣ аз ҳизби "Ота-Макон" Аида Салянова шаби гузашта боздошт шуд. Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки фарзяи аслӣ  куштор барои "сирқат" аст. пулис мегӯяд, ки ҳамдастони гумонбари боздоштшуда идома дорад. Аида Салянова қаблан гуфта буд, ки куштори бародараш "ангезаи сиёсӣ" дорад. Гумобари аслии ин куштор сокини 31 солаи Бишкек Э.О., буда, ба боздоштгоҳи Вазорати дохилӣ интиқол ёфтааст ва эътирофи худро дар ин ҷиноят ба мақомот ироа мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 28-уми декабри соли 2017

Раҳмон амниятиҳоро сарзаниш кард ва гуфт... Номаи ҷавони тоҷик, ки худкушӣ кард Таркиши хунин дар маркази шиаён Осеб надидани тоҷикон дар таркиши Русия Афзудани шумораи мардикорон дар Душанбе Пулиси ҳиндии мисли Майкл Ҷексон дар ахбори имрӯз аз Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон ба се мақоми КДАМ рутбаи генералӣ дод

Бо фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шуморе аз мақомоти баландояи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон унвони баланди низомӣ дода шудааст. Хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр хабар доданд, ки бо фармонҳои президет ба муовини аввали раиси КДАМ Мансурҷон Умаров рутбаи "генерал-лейтенант", ба муовини раиси КДАМ Нусратулло Мирзоев ва сардори раёсати КДАМ дар Хатлон Шомуддин Шарифов рутбаи генерал-майор дода шуд. 28-уми декабр дар Тоҷикистон "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ" таҷлил мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Хомаенӣ гуфт, ки Рейган дар таҳдид кардан аз Трамп қавитар буд

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ президенти ИМА Доналд Трампро танқид кард ва гуфт, ки сиёсати ӯ наметавонад Эронро "заъиф" кунад. Хоманеӣ дар силсилаи твитерҳо ва суханронии телевизионияш рӯзи 27 декабр гуфт, ки талошҳои зин задани Эрон аз замони Роналд Рейган, ки седаҳсола пеш раҳбари ИМА буд, ҷараён доранд. "Рейган нерумнадтар ва донотар аз Трамп буд. Ӯ дар таҳдид кардан ҳунари беҳтар дошт",- гуфт Хоманеӣ. Хоманеӣ бори дигар иддаои Теҳронро такрор кард, ки соли 1988 киштии ҷангии ИМА... Читать дальше...

Ozodi.org 

Хоманеӣ гуфт, ки Рейган дар таҳдид кардан аз Трамп қавитар буд

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ президенти ИМА Доналд Трампро танқид кард ва гуфт, ки сиёсати ӯ наметавонад Эронро "заъиф" кунад. Хоманеӣ дар силсилаи твитерҳо ва суханронии телевизионияш рӯзи 27 декабр гуфт, ки талошҳои зин задани Эрон аз замони Роналд Рейган, ки седаҳсола пеш раҳбари ИМА буд, ҷараён доранд. "Рейган нерумнадтар ва донотар аз Трамп буд. Ӯ дар таҳдид кардан ҳунари беҳтар дошт",- гуфт Хоманеӣ. Хоманеӣ бори дигар иддаои Теҳронро такрор кард, ки соли 1988 киштии ҷангии ИМА... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазорати молияи Узбакистон 562 кормандашро барканор кард

Вазорати молияи Узбакистон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми декабр 562 кормандро аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Ин вазорат пас аз интиқоди сахти раиси ҷумҳури Узбакистон аз вазорати молияи он кишвар даст ба ин иқдом задааст. Хабаргузории расмии Узбакистон UzA гуфтааст, президент кормандони барканоршударо "мушҳои саҳроӣ" хитоб кардааст. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон панҷ рӯз қабл гуфта буд, ки кормандони баландрутбаро аз кор гирифта метавонад, аммо ба гуфтаи вай, "мушҳои саҳроӣ" дар сатҳи поин ҳанӯз сари коранд. Читать дальше...