World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 06.04.2018

Ozodi.org 

Бозор Собир: Мӯ ба мӯ сӯхтам...

Рӯзи 5 апрел ҳамсари Бозор Собир – хонум Гулчеҳра ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз шуд вазъи саломатии шоир хуб нест.

Ozodi.org 

Бемористон: Саломатии Скрипал барқарор мешавад

Масъулини бемористон дар Инглистон гуфтанд, ки Сергей Скрипал, ҷосуси дугонаи рус дигар дар ҳолати бӯҳронӣ нест ва бо суръати худ шифо меёбад. Кристин Бланшард, раиси тиббии бемористони ноҳиявии Салисбурӣ рӯз 6 апрел дар изҳороти худ гуфт: “Скрипал хуб муолиҷа мешавад, суръати барқарориаш ҳам хуб аст ва дигар дар ҳолати бӯҳронӣ қарор надорад”.  Рӯзе аз ин пеш Юлия Скрипал ҳам бо пахши изҳороте хабар дод, ки вазъаш рӯ ба беҳбуд овардааст ва аз ҷараёни барқарории саломатиаш қаноатманд аст. Собиқ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дерипаска, Миллер ва дигар олигархҳову мақомот таҳрим шуданд

Бо як қарори Вазорати молияи ИМА, чанд сарватманд ё олигархи рус ба феҳристи афроди таҳимршуда ворид шуданд. Дар миёни онҳо - соҳибкори маъруф Олег Дерипаска, раҳбари ширкати "Газпром" Алексей Миллер, собиқ муҳофизи Путин ва раҳбари Росгвардия  Виктор Золотов, дабири шӯрои амният Николай Патрушев ва вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев мебошанд.  Дар қарори вазорати молияи ИМА исми 24 нафар ва 14 сохтор зикр шудааст, ки бо сабаби наздикиашон ба Владимир Путин, президенти Русия таҳрим шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бозбинии парвандаи қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик

Додгоҳи олии Тоҷикистон бозбинии парвандаи қатли чандин чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар солҳои 1990-умро шурӯъ кардаст. Ҳамакнун мақомот мегӯянд, ки қотилони воқеии Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ ва дигаронро пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Ozodi.org 

"Устод, бархезу биё Тоҷикистон..."

Хешу табор ва наздикони Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик мегӯянд, бо бистарӣ шудани ӯ дар як клиникаи Амрико, хобу роҳатро аз даст дода, ҳар лаҳза ба фарзандони ӯ дар Сиэттл занг мезананд.

Ozodi.org 

"Устод, бархезу биё Тоҷикистон..." ВИДЕО

Хешу табор ва наздикони Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик мегӯянд, бо бистарӣ шудани ӯ дар як клиникаи Амрико, хобу роҳатро аз даст дода, ҳар лаҳза ба фарзандони ӯ дар Сиэттл занг мезананд.

Ozodi.org 

Оғози Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2018

Имрӯз, 6-уми апрел, дар шаҳри Душанбе, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2018 баргузор шуд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 6-уми апрели 2018 (HD)

Беҳушшавии гурӯҳи хонандагон дар мактаби Мӯъминобод, Эътироз ва дастбурии се модар дар толори додгоҳи Суғд, Сарнавишти кӯдакони гирифтори HIV дар Тоҷикистон, Пирӯзи Маскав дар баҳси ҳавоӣ бо Душанбе, Ба панҷ соли зиндон маҳкум шудани Салмонхон

Ozodi.org 

Вазорат: "Маълум нест, ки талабаҳо дар Мӯъминобод аз чӣ беҳуш шуданд"

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.

Ozodi.org 

Вазорат: "Маълум нест, ки талабаҳо дар Мӯъминобод аз чӣ беҳуш шуданд" ВИДЕО

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.

Ozodi.org 

Тими наврасони Академияи футболи ФФТ дар Бишкек дувум шуд

Тими мунтахаби наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) таҳти раҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки рӯзҳои 2-4-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, мақоми дувумро касб намуд.

Ozodi.org 

Ба мансабдорон тавсия шуд, ки ба саёҳат раванд

Мансабдорони тоҷик тавсия гирифтаанд, ҳангоми рухсатии меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон ба саёҳат раванд ва аз маконҳои таърихӣ дидан кунанд. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ин замина ба вазорату корхонаҳои кишвар 20 хатсайр пешниҳод кардааст, то кормандон аз рӯи он ҳангоми рухсати ба саёҳат раванд.

Ozodi.org 

Ба мансабдорон тавсия шуд, ки ба сайёҳат раванд

Мансабдорони тоҷик тавсия гирифтаанд, ҳангоми рухсатии меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон ба саёҳат раванд ва аз маконҳои таърихӣ дидан кунанд. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ин замина ба вазорату корхонаҳои кишвар 20 хатсайр пешниҳод кардааст, то кормандон аз рӯи он ҳангоми рухсати ба саёҳат раванд.

Ozodi.org 

"Билайн" дар Тоҷикистон молики нав пайдо кард

Ҳолдинги мухобиротии Veon бар асоси музокира бо ширкати ZET Mobile тасмим гирифт тиҷорати худ дар Тоҷикистонро бифурӯшад. Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба оҷонсии Bloomberg менависанд, ки  сухан сари фурӯши сохтори Tacom LLC меравад, ки молики ширкати  «Вымпелкомом» буда, зери номи  «Билайн» дар Тоҷикистон хадамоти мухобиротӣ пешкаш мекунад. Оҷонсии Интерфакс менависад, ки  соли  2017 раҳбари собиқи ҳолдинги Veon дар минтақаи Авруосиё Михаил Герчук аз даъвоҳо атрофи пардохти молиёт дар Тоҷикистон интиқод кардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Шаҳрсозиро дар Осиёи Марказӣ тоҷикон шурӯъ кардаанд?

Дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон, ки ҳоло дашти ҳамвор аст, 5 ҳазору 500 сол пеш шаҳр буд ва нахустин аз шаҳрҳо дар ҷаҳон. Ин ҷо Саразм аст, ки Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал онро ба феҳрасти ҷаҳонӣ ворид кардааст, зеро ба гуфтаи бостоншиносон аз аввалин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ аст.

Ozodi.org 

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Сеул рӯзи ҷумъа ӯро аз рӯи 18 банди айбнома, бо шумули фасодкорӣ ва суиистифода аз мақом, гунаҳкор эълон кард.  Пак Кин Хе ҳамчунин бояд 17 миллион доллар ҷарима супорад.  Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки Пак Кин Хе - духтари президенти пешин Пак Ҷон Хи- ҳамроҳ бо дугонааш Ҷой Сун Сил, бо истифода аз схемаҳои коррупсионӣ беш аз 20 миллион доллар ба даст оварданд. Иттиҳоми фасодкорӣ алайҷи Пак Кин Хе соли 2016, замоне эълон шуд, ки ӯ раиси ҷумҳур буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Роскомнадзор бастани паёмрасони Telegram-ро талаб кард

Роскомнадзор - ниҳоди давлатии танзимкунандаи фаъолияти матбуоти Русия, бо талаби бастани паёмрасони Telegram ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дафтари матбуоти ин ниҳод хабар дод. Хабаргузораии "Интерфакс" мегӯяд, ки муроҷиат дар заминаи дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) сурат гирифт. Рӯзи чоршанбеи гузашта, муҳлате, ки Роскомнадзор ба раҳбарони паёмрасони Telegram дода буд, ба поён расид. Ин ниҳод аз Telegram талаб карда буд, ки калидҳои боз кардани паёмҳои корбаронро ба Хадамоти ФСБ таслим кунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътироз дар фурудгоҳи Ишқобод: Чаро моро ба ҳавопаймо роҳ надодед? ВИДЕО

Даҳҳо шаҳрванди Туркманистон ба ҳавопаймои масири Ишқобод-Истамбул роҳ дода нашуданд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 5 апрел видеои эътирози мусофиронеро дар фурудгоҳи Ишқобод дастрас кард, ки мақомоти туркман барои парвози онҳо ба Туркия иҷозат надодаанд. Дар ин видео дида мешавад, сокинони Туркманистон норозигии худро ба амали мақомот баён мекунанд. Ба гуфтаи яке аз шоҳидони ҳодиса, навор 3 апрел дар фурудгоҳи Ишқобод сабт шудааст. Аммо тасдиқи ин ба воситаи манобеи мустақил номумкин аст. Шахсоне... Читать дальше...

Ozodi.org 

WSJ: ИМА имрӯз таҳримҳои зидди олигархҳои Путинро эълон мекунад

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп таҳримҳои зидди олигархҳои русро имрӯз, 6 апрел, эълон мекунад. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манбаҳои огоҳ хабар дод. Таҳримҳо дар чаҳорчӯби Қонуни муқовимат бар душманони Амрико амалӣ мешаванд, ки Конгресси ИМА тасвиб кард ва президент Трамп ба ин санад ҳамчун посух ба дахолати Русия дар умури интихоботи соли 2016 имзо гузошт. Матбуоти Амрико бо такя ба мақомоти расмӣ навиштааст, ки ба  феҳраст номи аз 6 то 10 шаҳрванди Русия шомил аст. Читать дальше...