World News in Tajik
Октябрь
2018

Новости за 20.10.2018

Ozodi.org 

"Писарамро ба нерӯи барқ мондаанд"

Як модари тоҷик иддао дорад, ки фарзанди 26-солаашро муфаттишон барои эътирофи иттиҳом шиканҷа кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, санҷиш муайян кард, ки иддаои ин модар беасос аст.

Ozodi.org 

Ҳезумчинӣ бо чархбол

Сокинони ду деҳаи дурдасти Фаронса маҷбуранд барои интиқоли маводи ниёзи аввал аз чархболи гарон истифода баранд.

Ozodi.org 

Дар таркиши Ленинград ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтаанд

Дар таркише дар корхонаи тавлиди маводи пиротехникии вилояти Ленинград ду муҳоҷир аз Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд. Ҷасади онҳо рӯзи 22-юми октябр ташхис ва ҳувияташон дақиқ карда хоҳад шуд. Ҳодиса рӯзи 19-уми октябр рух додааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 20-уми октябр гуфт, бино ба иттилои муқаддамотӣ дар натиҷаи ин таркиш чаҳор нафар ҷон бохта, 11 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Кормандони намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва консулгарии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Интихобот дар Афғонистон, аммо на дар Ғазниву Қандаҳор. ВИДЕО

Рӯзи 20-уми октябр раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон баргузор шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо мардум соати шаши субҳ дар марказҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд. Аммо дар вилоятҳои Қандаҳору Ғазнӣ ба сабаби ҳамлаҳои маргбор раъйдиҳӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шудааст. Қарор буд, раъйдиҳӣ соати 16-и рӯзи шанбе ба вақти Ағфонистон ба поён бирасад. Аммо масъулони Кумисюни мустақили интихобот гуфтанд, ки интихоботи Вулуси Ҷирга дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон то соати ҳашти шаб ва... Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп гуфт, он чи бо Хошуқҷӣ рух дод, "қобили қабул нест"

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз инки Арабистони Саудӣ марги Ҷамол Хошуқҷиро таъйид кард, як пешрафти хуб аст, вале ончи бо Хошуқҷӣ рух додааст, “қобили қабул нест”. Арабистони Саудӣ рӯзи 19-уми октябр марги хабарнигор ва мунтақили сиёсатҳои Риёз Ҷамол Хошуқҷиро дар дохили бинои консулгарии ин кишвар дар Истанбул тасдиқ кард. Бар асоси гузориши телевизиони давлатии Арабистон, Хошуқҷӣ дар натиҷаи як “даргирии хушунатомез” дар консулгарӣ ҷон додааст. Дар ин гузориш ба нақл аз мақомҳо гуфта шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп гуфт, "он чи бо Хошуқҷӣ рух дод, қобили қабул нест"

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз инки Арабистони Саудӣ марги Ҷамол Хошуқҷиро таъйид кард, як пешрафти хуб аст, вале ончи бо Хошуқҷӣ рух додааст, "қобили қабул нест". Арабистони Саудӣ рӯзи 19-уми октябр марги хабарнигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз Ҷамол Хошуқҷиро дар дохили бинои консулгарии ин кишвар дар Истанбул тасдиқ кард. Бар асоси гузориши телевизиони давлатии Арабистон, Хошуқҷӣ дар натиҷаи як "даргирии хушунатомез" дар консулгарӣ ҷон додааст. Дар ин гузориш ба нақл аз мақомҳо гуфта шуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирози Додситонии кулли Тоҷикистон ба қарори Вазорати маориф

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба қарори Вазорати маориф ва илм дар мавриди сафари донишҷӯёну устодон ба хориҷа эътироз кард ва хост, он бекор карда шавад. Додситонии кулл рӯзи 19-уми октябр дар посух ба шикояти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин қарор “бо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар” мухолифат дорад. Моҳи феврали имсол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор кард, ки омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик бе иҷозаи мақомот ҳаққи сафари хидматӣ ваё таҳсил дар хориҷаро надоранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мушовири амнияти миллии ИМА ба Русия ва Қафқоз меравад

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, рӯзи 20-уми октябр ба Русия ва Қафқоз сафар мекунад. Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси гузоришҳо Вашингтон талошҳоро барои берун шудан аз тавофуқномаи атомӣ бо Маскав оғоз кардааст. Вашингтон Русияро ба поймол кардани ин тавофуқнома айбдор мекунад. Нашрияи The New York Times навишт, Ҷон Болтон ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳушдор хоҳад дод, ки маъмурияти Доналд Трамп омодагӣ дорад, то аз тавофуқномаи атомии соли 1987 хориҷ шавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомот: Барқи бештар мехоҳед, сарфа кунед ва пулашро диҳед

Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди шадиди нирӯи барқ дар рӯзҳои сарди тирамоҳи имсола шикоят доранд, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" аз мардум хостаанд, ки пули барқи, ба гуфтаи онҳо, ба насия гирифтаашонро зудтар супоранд.

Ozodi.org 

Эълони номи 5 "саркардаи гуруҳҳо" дар Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро саркардагони гуруҳи, ба қавли онҳо, «муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ» ном бурдаанд.

Ozodi.org 

"Сходка" манъ шуд. Эълони номи 5 "саркардаи гуруҳҳо" дар Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро саркардагони гуруҳи, ба қавли онҳо, «муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ» ном бурдаанд.

Ozodi.org 

Интихобот дар Афғонистон, аммо на дар Ғазниву Қандаҳор

Рӯзи 20-уми октябр раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон оғоз шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо мардум соати шаши субҳ дар марказҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд. Аммо дар вилоятҳои Қандаҳору Ғазнӣ ба сабаби ҳамлаҳои маргбор раъйдиҳӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шудааст. Раъйдиҳӣ дар интихобот соати чаҳори бегоҳ, ба вақти Ағфонистон ба поён мерасад. Интихобот дар Афғонистон таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад. Ҳудуди 5 ҳазор нуқтаи раъйдиҳиро тақрибан 54 ҳазор ходими амниятӣ назорат мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Табибони тоҷик ақаллиятҳои ҷинсиро бемор мешуморанд. ВИДЕО

Бархе аз пизишкони тоҷик ҳамҷинсгароиро як навъ бемории рӯҳӣ донистанд, ки ба иддаои онҳо муолиҷаашон имконпазир ҳаст. Аммо пизишкон мегӯянд, ки табобат бояд ихтиёрӣ бошад, вагарна натиҷа нахоҳад дод.

Ozodi.org 

Табибони тоҷик ҳамҷинсгароҳоро бемор мешуморанд. ВИДЕО

Бархе аз пизишкони тоҷик ҳамҷинсгароиро як навъ бемории рӯҳӣ донистанд, ки ба иддаои онҳо муолиҷаашон имконпазир ҳаст. Аммо пизишкон мегӯянд, ки табобат бояд ихтиёрӣ бошад, вагарна натиҷа нахоҳад дод.

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бе медал монданд

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Нассау, пойтахти ҷазираҳои Баҳама, ҷараён дорад, 426 варзишгар (240 мард ва 186 зан) аз 67 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат меварзад.

Ozodi.org 

Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии зиддифасод ва нирӯҳои марзбонӣ

Муовинҳои нави раиси Оҷонсии зиддифасод ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон маълум шуд. Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми октябр содир гардид, Суҳроб Сафарзода муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Асомуддин Ахмедов муовини нави фармондеҳи нирӯҳои марзбнии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъйин карда шудаанд. Дар ҳамин рӯз бо қарорҳои ҳукумат дар чанд сохтори Вазорати тандурустӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошт ва истирдоди мушовири пешини Алмосбек Отамбоев

Икромҷон Илмиянов, мушовири президенти собиқи Қирғизистон Алммосбек Отамбоев, дар хориҷа боздошт ва ба Бишкек истирдод шудааст. Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вале Сулаймонов нагуфт, ки Илмиянов кай, дар куҷо ва таҳти кадом шароит дастгир шудааст. Ду рӯз пеш Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек ғоибона ҳукми боздошти Икромҷон Илмияновро содир карда буд. Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Ҳисор се нафарро бо гумони фурӯши замин дастгир карданд

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Ҳисор се нафарро бо гумони фурӯши замин дар ҳудуди деҳаи Уртабуз дастгир кардаанд. Мақомот рӯзи 20-уми октябр гуфтанд, ки инҳо раиси собиқи ҷамоати шаҳраки Шарора ва ду масъули пешини идораи замини шаҳри Ҳисор ҳастанд. Аз гумонбарон ном бурда нашудааст. Аммо мақомот мегӯянд, ки онҳо аз 35 то 44-сола буда, ба қаллобӣ муттаҳаманд. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карданд, ки ин афрод аз соли 2012 то 2014 бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Бозгашт ба баҳси симкортҳои 250 сомонӣ

Нархи ниҳоии симкортҳоро дар Тоҷикистон як гуруҳи кории махсус маълум ва ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ин гуруҳи корӣ рӯзи 12-уми октябри имсол аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил шудааст.

Ozodi.org 

Саудӣ марги Хошуқҷиро дар бинои консулгарӣ тасдиқ кард

Арабистони Саудӣ баъди ду ҳафтаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, эълон кард, ки ӯ ба дунболи "даргирӣ" дар бинои консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбул кушта шудааст.

Ozodi.org 

Саудӣ қатли Хошуқҷиро дар бинои консулгарӣ тасдиқ кард

Арабистони Саудӣ баъди ду ҳафтаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, эълон кард, ки ӯ ба дунболи "даргирӣ" дар бинои консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбул кушта шудааст.