World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 07.11.2018

Ozodi.org 

Бе нерӯи барқ, бе об ва роҳу мактаб

Сокинони манзилҳои навбунёд дар канораи Бишкек дар бораи зиндагияшон филмҳои кӯтоҳмуддат сабт мекунанд. Онҳо мехоҳанд, таваҷҷӯҳи мақомотро ба мушкилоти иҷтимоӣ аз ҷумла бебарқиву беобияшон ҷалб кунанд.

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

"Допинг" ё раводид: варзишкорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон монданд

Вазнбардорони тоҷик натавонистанд, дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Ишқобод иштирок кунанд. Ҳарчанд мутахассисон мегӯянд, ки маъмулан варзишкорони тоҷик бо мушкилии роҳкиро рӯ ба рӯ мешаванд, далели аз мусобиқа мондани онҳо ба даст наовардани раводид гуфта мешавад

Ozodi.org 

Раиси UNDP дар Тоҷикистон: "Бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст" ВИДЕО

Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст ва касе ҷиноят кардааст, бояд ҷазо бигирад. Метҳа ин нуктаро дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён кард.

Ozodi.org 

Пирӯзии демократҳо дар интихоботи Конгресс. Трампро чӣ интизор аст? ВИДЕО

Ҷумҳурихоҳон, ки дар ду соли гузашта зимоми ҳар ду палатаи Конгресси Амрикоро дар даст доштанд, на ҳамеша бо маъмурияти Доналд Трамп вориди баҳс мешуданд. Ҳоло, ки демократҳо контроли Маҷлиси Намояндагонро зери назари худ гирифтанд, чӣ иттифоқ хоҳад афтод?

Ozodi.org 

Раиси UNDP: "Бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст"

Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст ва касе ҷиноят кардааст, бояд ҷазо гирад. Метҳа ин нуктаро дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён кард.

Ozodi.org 

Кирилл Серебренников дар додгоҳ иттиҳомро эътироф накард

Коргардон Кирилл Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми дар бораи дуздии пулҳои театрро эътироф намекунад. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр аз толори додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав хабар дод, ки Серебренников ба саволи додрас дар бораи он ки то куҷо ӯву чанд ҳамкораш дар фосилаи солҳои 2011 то 2014 беш аз 130 миллион рубли буҷети давлатиро аз худ кардааст, посухи рад дод. Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми додгоҳ барои ӯ нофаҳмо аст. “Калимаҳоро мефаҳмӣ, вале мазмунашро не”, - гуфт ӯ. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрдуғон гуфт, таҳримҳои ИМА алайҳи Эронро иҷро намекунад

Раҳбари Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, Туркия таҳримҳоеро, ки ИМА алайҳи нафт ва саноати ҳумлу нақли Эрон эҳё кардааст, баъди шаш моҳи тамом шудани муҳлати истисноӣ низ иҷро нахоҳад кард. "Ин қадамҳо тавозуни дунёро баҳам мезананд. Мо намехоҳем дар ҷаҳони империалистӣ зиндагӣ кунем",- гуфт Эрдуғон рӯзи 6 нобяр дар Анқара. Президенти Туркия гуфт, ки таҳримҳоро иҷро намекунад, зеро кишвараш ҳамасола аз Эрон то 10 миллиард метри мукааб гази табии мехарад, ва намегузорад, ки мардумаш дар фасли сармо азият бикашанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрдуғон гуфт, ки таҳримҳои ИМА алайҳи Эронро иҷро намекунад

Раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, Туркия таҳримҳоеро, ки ИМА алайҳи нафт ва саноати ҳумлу нақли Эрон эҳё кардааст, баъди шаш моҳи тамом шудани муҳлати истисноӣ низ иҷро нахоҳад кард. "Ин қадамҳо тавозуни дунёро баҳам мезананд. Мо намехоҳем дар ҷаҳони империалистӣ зиндагӣ кунем",- гуфт Эрдуғон рӯзи 6 нобяр дар Анқара. Президенти Туркия гуфт, ки таҳримҳоро иҷро намекунад, зеро кишвараш ҳамасола аз Эрон то 10 миллиард метри мукааб гази табии мехарад, ва намегузорад, ки мардумаш дар фасли сармо азият бикашанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 7-уми ноябри соли 2018

Тавсия ба “модарони” Умеда, бигзоред интихоб кунад Матбуот дар Осиёи Марказӣ аз танқид метарсад Демократҳо Маҷлиси намояндагонро гирифтанд Чин барои чӣ ба Тоҷикистон пули зиёд медиҳад Дар Қирғизистон бо видео мушкил ҳал мекунанд

Ozodi.org 

Вашингтон бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ мекунанд

Департаменти давлатии ИМА Конгресро огоҳ кард, ки Маскав дар робита ба таҳримҳо шартҳоро иҷро накарда ва аз ин рӯ механизми баррасии бастаи дуввуми таҳримҳо шурӯъ мешавад. Бастаи аввали маҳдудиятҳо авохири моҳи август ҳамчун вокуниши ИМА ба заҳролудшавии полковники пешини Идораи истихборотиРусия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия  эълон шуда буд. Конгреси ИМА барои шарҳи қазияи заҳролудшавӣ Скрипал ва духтари ӯ дар Солсберии Британия  ва такрор нашудани чунин ҳодиса ба Маскав се моҳ муҳлат дода буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

САҲА: рӯзноманигорон дар Осиёи Марказӣ таҳти фишор қарор доранд

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии баён Арлем Дезир дар конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона гуфт, ки рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд. -Мо дар минтақа мушоҳида мекунем, ки рӯзноманигорон зери фишор кор мекунанд. Барои онҳо дарёфти иттилоъ аз мақомот мушкил аст. Рӯзноманигорон аз пушиши мавзӯъҳои сиёсӣ, навиштан дар мавзӯи ришва ва пешниҳоди фикри шахсии худ меҳаросанд. Дар сурати навиштани чунин матолиб, метавонанд зери фишор қарор бигиранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Толибон барои ширкат дар конфронси Маскав омода шуданд

Дабири кулли паймони низомии НАТО Йенс Столтенберг дар як сафари ғайримунтазирааш ба Кобул, аз Толибон даъват кард, ки дар музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-сола иштирок кунанд. Ӯ гуфт, идомаи ҷанг "бемаънӣ ва бефоида аст".

Ozodi.org 

Маскав аз Монако шарҳи боздошти миллиардери русро хост

Сафорати Русия дар Фаронса аз шоҳигарии Монако шаҳри боздошти миллиардери рус Дмитрий Риболовлевро дархост кард, ки гуфта мешавад дар робита ба фасодкорӣ боздошт ва бозпурсӣ шудаст. Ба гуфтаи нашрияи Le Monde, молики тими футболи Монако Дмитрий Риболовлев субҳи 6 нобяр боздошт шуд. Нашрия ҳамчунин аз кофтукоби хонаи миллиардер хабар дод. Дар робита ба ин ҳодиса иттилои дигар мавҷуд нест.  Тими футболи Монако субҳи имрӯз хабари сомонаи фаронсавии Mediapart-ро рад кард, ки гуфтааст Риболовлев... Читать дальше...

Ozodi.org 

СММ гурҳои дастаҷамъии қурбониёни кушторҳои ДИИШ-ро кашф кард

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) беш аз 200 гури дастаҷамъиро дар ғарби Ироқ кашф кард, ки ҷиҳодиҳои гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" қатл кардаад. Дар ин бора намояндаи СММ рӯзи 6 ноябр хабар дод. Гурҳо дар минтақаҳое пайдо шуданд, ки қаблан таҳти назорати тундгароҳои ДИИШ буд. Гап сари ҳазорҳо қурбонӣ аст, ки мушаххас кардани теъдоди онҳо мушкил аст,- гуфт намояндаи СММ Ян Кубиш. Мутахасисон ба шиносоии боқимондаи ҷасадҳо машғуланд, ки баъдан ба хешонашон супурда хоҳанд шуд.  Гуруҳи террористии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Афроди ношинос автобуси масири Алмато-Тошкандро тирборон карданд

Дар шоҳроҳи Алмато - Тошканд як автобуси мусофирбар тирборон шуд. Мақомоти интизомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон чанд сокини вилояти Туркистони ин кишварро бо гумони тир кушодан ба автобус боздошт краданд. Мақомот мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ 5 ноябр рух додааст. Чанд сокини вилояти Туркистон савори мошин, аз таппонча ба автобус тир кушодаанд. Дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбарон бо моддаи "авбошӣ" таҳқиқи пешакӣ шуруъ шудааст.

Ozodi.org 

Тирборон шудани автобуси масири Алмато-Тошканд

Дар шоҳроҳи Алмато - Тошканд як автобуси мусофирбар тирборон шуд. Мақомоти интизомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон чанд сокини вилояти Туркистони ин кишварро бо гумони тир кушодан ба автобус боздошт краданд. Мақомот мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ 5 ноябр рух додааст. Чанд сокини вилояти Туркистон савори мошин, аз таппонча ба автобус тир кушодаанд. Дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбарон бо моддаи "авбошӣ" таҳқиқи пешакӣ шуруъ шудааст.