Шахсияти як муҳоҷири тоҷик, ки се рӯз пеш дар вилояти Волгогради Русия сарашро бурида ва дар бухорӣ партофта буданд, маълум шуд. Масъулони Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ Саидҷон Халерови 51-сола аз шаҳри Турсунзода аст.
Истихбороти Чехия шабакаи ҷосусҳои як хадамоти махуси Русияро ошкор кард. Телевизиони Чехия рӯзи 7 декабр аз қавли раҳбари идораи амният ва иттилооти ин кишвар Михал Коуделка гуфт, ки ниҳоди таҳти назари ӯ дар панҷ соли ахир даҳҳо ҷосуси Русия ва Чинро ошкор кардааст. Изҳороти раҳбари истихбороти Чехия ба думболи тақиди президент Милош Земан пахш шуд, ки гуфт, хадамоти амният бидуни далел дар бораи ҳузури теъдоди зиёди ҷосусҳои Русия ва Чин гузориш медиҳад, дар ҳоле, ки ин маълумот дар гузоришҳои махфии хадамоти махсус вуҷуд надорад. Читать дальше...
Истихбороти Чехия шабакаи ҷосусҳои як хадамоти махсуси Русияро ошкор кард. Телевизиони Чехия рӯзи 7-уми декабр аз қавли раҳбари идораи амният ва иттилооти ин кишвар Михал Коуделка гуфт, ки ниҳоди таҳти назари ӯ дар панҷ соли охир даҳҳо ҷосуси Русия ва Чинро ошкор кардааст. Изҳороти раҳбари истихбороти Чехия ба дунболи танқиди президент Милош Земан пахш шуд, ки гуфт, хадамоти амният бидуни далел дар бораи ҳузури теъдоди зиёди ҷосусҳои Русия ва Чин гузориш медиҳад, дар ҳоле ки ин маълумот дар гузоришҳои махфии хадамоти махсус вуҷуд надорад. Читать дальше...
Назарсанҷии нави созмони Pew дар 25 кишвари ҷаҳон нишон додааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба Русия ва раҳбари он Владимир Путин назари манфӣ доранд. Аммо дар айни замон нуфузи Русия дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст.

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошевро шартан якуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 4-уми декабри имсол содир шуд.
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошевро шартан якуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 4-уми декабри имсол содир шуд.
Бошандагони бахши умдаи кишварҳои ҷаҳон ба Русия ва раҳбари он Владимир Путин нигоҳи манфӣ доранд, вале аксари онҳо эътироф мекунанд, ки дар даҳ соли ахир нақши Русия дар саҳнаи байналмилалӣ бештар шуд. Ин аст натиҷаи пажуҳиши Pew Research -ширкати омӯзиши афкори умум, ки дар даҳҳо кишвар анҷом дод. Ба сурати умум, 34 дар сади пурсидашудаҳо ба Русия назари нек доранд ва 54 дар сад нигоҳи манфӣ. Арзёбии фаъолияти Путин дар саҳнаи байналмилалӣ камтар аз ин аст. Танҳо 26 дар сад ӯро мусбат арзёбӣ кардаанд. Читать дальше...

Марги 6 узви як хонаводаи тоҷик дар Краснодари Русия Боздошти зане дар Ҳамадонӣ бо 22 кило чарс Нақши гӯшаҳои амрикоӣ дар ҳаёти тоҷикон Озмуни зебоӣ байни бонувони маълул дар Душанбе Бонки Осиёи Рушд гуфт ба Тоҷикситон фақат грант медиҳад ва савганд дар рӯйи Қуръон.
Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар агар кишварҳои дигар Амрико 4 маркази амрикоӣ дошта бошад, феълан дар Тоҷикистон 8 чунин марказ фаъол будааст.
Чин аз Канада раҳоии мудири молии ширкати Huawei-ро талаб кард, ки дар заминаи гӯё нақзи таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон боздошт шуд ва дар ростои истирод ба Амрико қарор дорад. Дар бораи боздошти ӯ нашрияи La Press рӯзи 5-уми декабр хабар дод. Баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки боздошти мудири молии Huawei эҳтимол ташаннуҷи байни Вашингтон ва Пекинро, ки бе ин ҳам дар заминаҳои тиҷоратӣ ихтилоф доранд, бештар мекунад. Мэн муовини раҳбари шӯрои Huawei ва духтари бунёдгузори ин ширкат Рэн Ҷенфей аст, ки муҳнадиси низомии Чин буд. Читать дальше...

Порлумони Тоҷикистон дар як тарҳи нав пешниҳод кардааст, ки барои таҳсили динии ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ волидони муҳассилин муҷозот карда шаванд. Ин тарҳ барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода шудааст.
Дар пазманзари эътирозҳои саросарии маъруф ба "ҷомазардҳо" дар Фаронса, талабаҳои синфҳои болоӣ ва муаллимони литсейҳо низ даст ба тазоҳурот заданд. Ба навиштаи хабаргузории France Press, рӯзи 6-уми декабр эътироз 280 мактабро фаро гирифт, ки талабаҳо ва муаллимонашон аз ислоҳоти маориф, аз ҷумла шадид шудани қабул ба донишгоҳҳо норозӣ ҳастанд. Дар чанд шаҳри Фаронса дар байни пулис ва эътирозгарон задухӯрд сурат гирифт. Наворе аз литсейи Сент-Экзепюрӣ, воқеъ дар канораҳои Порис, ки дар он... Читать дальше...

Созмони байналмилалии Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо даьват кард: ки барои раҳоии Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад дар Қирғизистон садо баланд кунад. Муроҷиати Human Rights Watch ба Иттиыоди Аврупо рӯзи 6 декабр, пеш аз баргузории конфронси «Иттиҳоди Аврупо – Қирғизистон» нашр шуд. Конфрон ба 10-уми декабр барномарезӣ шудааст. Дар номаи созмон омадааст, ки Аскаров аз соли 2010 ғайриқонунӣ дар зиндон аст. Созмон гуфтааст, ки сарфи назар аз талаби Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ соли 2016, Қирғизистон Аскаровро озод накард. Читать дальше...
Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд.
Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи таъйини сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҳезер Найерт ба мақоми сафирии Амрико дар СММ қарор қабул кард. Дар ин бора сомонаи Bloomberg рӯзи гузашта бо такя ба манобеи худ хабар дод. Хабаргузории Reuters ва чанд расонаи дигар ҳам ин хабарро нашр карданд. Ба иттилои Fox News, Трамп ин хабарро рӯзи 7 декабр Трамп тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунад. Моҳе пеш Трамп ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Нойертро ба мақоми сафирӣ пешбарӣ кардааст. Нойерти 48-сола, ба навиштаи Bloomberg... Читать дальше...
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шоми панҷшанбеи 6-уми декабр барои ширкат дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Доҳаи Қатар сафар кард.
Владимир Кравченко, мудири кулли пешини оператори миллии UzMobile ҳамакнун роҳбари Ucell таъйин шуд. Ширкати мобилии Ucell ахиран аз сӯи ҳукумати Узбекистон харидорӣ шуд. Тони Грюнберг аз соли 2014 то кунун Ucell-ро мудирият мекард. Ба иттилои манбаъҳо, масъулони хориҷии Ucell сабукдӯш ва дар ивази онҳо шаҳрвандони Узбекистон ба кор таъйин шудаанд. Владимир Кравченкои 33-сола Донишгоҳи вестминстери байналхалқии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ моҳи марти соли 2017 мудири кулли UzMobile таъйин шуд. Читать дальше...
Ҳайати муаллифони филми "Роҳ ба сӯи модар", ки духтари хурдии президенти Қазоқистон Алия Назарбоева - яке аз онҳост, соҳиби ҷоизаи давлатӣ шуд. Фармони Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар бораи тақдими ҷоизаи давлатии соли 2018 дар бахши адабиёт ва санъат имрӯз дар расонаҳои расмӣ нашр шуд. Дар ҳайати муаллифони филм коргардон Ахан Сатаев, бозигарон Олтиной Ногербек ва Одил Ахметов ҳам шомиланд. Назарбоев ҳамзамон ба мудири пешини театри давлатии "Операи Остона" Толеубек Алпиев ва дигар ходимони театр... Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон шаби 6 декабр баррасии парвандаи "ҷиҳодиён"-ро ба поён расонд, ки дар доираи он се шаҳрванди ин кишвар -- Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев дар даъват ба терроризм айбдор мешаванд. Айбдоркунандаи давлатӣ Даврон Булгимбоев гуфт, тафтишот ва додгоҳ айби гумонбаронро пурра собит кард ва аз додрас хост, Жумагуловро 9 сол ва Абишеву Омировро 8-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Додрас пас аз баромади додситон танаффус эълом карда, иштирокдорони боқиро огаҳ кард, ки барои баромад кардан омодагӣ бубинанд.