World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 05.01.2019

Ozodi.org 

Латифи Пидром номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд. ВИДЕО

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, расман номзад ба мақоми президентӣ дар он кишвар шуд. Маросими сабтиноми Пидром рӯзи 3-юми январ дар Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон сурат гирифт. Эҳсонуллоҳ Ҳайдарӣ ва Муҳаммад Содиқ Вардак муовинони ӯ ҳастанд. Латифи Пидром дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кобул гуфт, "оқои Эҳсон ҳазора аст ва оқои Вардак – паштун. Бар хилофи хеле таблиғоте, ки алайҳи мо ҳаст, мо мардуми худро дӯст медорем ва вақте мегӯем давлату миллат месозем... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боми як хона дар Душанбе ба сари иҷоранишонҳо фурӯ рехт. ВИДЕО

Шоми 4-уми январ Санавбар Шерова ва се фарзанди ноболиғи ӯ аз як фалокат ҷон ба саломат бурданд. Боми хона ба сари ӯву кӯдакон сарозер шуд, вале модар тавонист дар фурсати кӯтоҳ як-як ҳамаро берун кашад. Кӯдакони Санавбар Шерова, сокини кӯчаи Сарези шаҳри Душанбе аз 4 то 12-солаанд.

Ozodi.org 

Боми як хона дар Душанбе ба сари иҷоранишонҳо фурӯ рехт

Шоми 4-уми январ Санавбар Шерова ва се фарзанди ноболиғи ӯ аз як фалокат ҷон ба саломат бурданд. Боми хона ба сари ӯву кӯдакон сарозер шуд, вале модар тавонист дар фурсати кӯтоҳ як-як ҳамаро берун кашад. Кӯдакони Санавбар Шерова, сокини кӯчаи Сарези шаҳри Душанбе аз 4 то 12-солаанд.

Ozodi.org 

Туркия эълон кард, ки дар сулҳи Афғонистон саҳм мегирад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, Истанбул баҳори имсол мизбони нишасти сеҷониба (Туркия, Покистон ва Афғонистон) дар бораи сулҳи Афғонистон хоҳад шуд. Эрдуғон дар ин бора рӯзи 4-уми январ дар мулоқот бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон хабар дод. Раиси ҷумҳури Туркия нишасти сеҷонибаро дар робита ба вазъияти ҳозираи Афғонистон хеле муҳим хонд ва гуфт, “мо, иншоаллоҳ, дар Истанбул нишасти сеҷониба хоҳем дошт, ки мумкин аст пас аз 31-уми март баргузор шавад. Бовар дорам, ки нишасти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Доналд Трамп гуфт, ба Габон нерӯҳои низомӣ фиристод

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, низомиёни кишвараш ба Габон, як кишвари африқоӣ, фиристода шуданд. Трамп гуфтааст, бо ҳадафи муҳофизат аз шаҳрвандон ва муасисаҳои дипломатии Амрико дар Ҷумҳурии демократии Конго, дар ҳамсоягии Габон, ба ҳузури низомиён ниёз ҳаст. Ӯ рӯзи 4-уми январ дар нома ба раҳбарони Конгресси Амрико навишт, нахустин гурӯҳи ҳафтоднафарии сарбозони амрикоӣ рӯзи 2-юми январ ба Габон расиданд. Доналд Трамп афзудааст, дар сурати ниёз, ба онҷо нерӯи бештар фиристода хоҳад шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тобути Раҷабмоҳ Исоева ва се кӯдакашро 6 январ ба Душанбе меоранд

Тобути Раҷабмоҳ Исоева, Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад Улфатовҳо, ки дар зери бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск ҷон бохтанд, шоми 6-уми январ ба ватан оварда хоҳад шуд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳоро тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ва аз Екатеринбург ба Душанбе мефиристанд. Наздиконашон мегӯянд, модару се кӯдак дар деҳаи Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дафн карда хоҳанд шуд. Падари хонавода... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти як зан бо гумони ба ВИЧ гирифтор кардани марде дар Хуҷанд

Як зани 27-сола дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардани марде боздошт шудааст. Аз ин зан ва мард ба далоили ахлоқӣ ва, ҳамчунин, халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ном бурда намешавад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ин зан дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст. Ба иттилои манбаъ, гумонбар гирифтори бемории норасоии масунияти бадан буда, номаш дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ дар вилояти Суғд расман сабт шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳалокати як афсари тоҷик дар марз бо Афғонистон

Бино ба иттилои дарёфтӣ, як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар наздикии сарҳади Афғонистон кушта шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ozodi.org 

Истифода аз таҷҳизоти Huawei дар Тоҷикистон то куҷо амн аст?

Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ аз таҷҳизоти мухобиротии ZTE ва Huawei ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Чин даст мекашанд. Аммо, ба назар мерасад, Тоҷикистон баръакс ба фанновариҳои мухобиротии ин ду ширкати азими Чин оғӯш кушодааст.