World News in Tajik
Май
2019

Новости за 21.05.2019

Ozodi.org 

Ҷасади донишҷӯи дар Алмато гумшуда пайдо гардид

Ҷасади Ойгул Амангелдӣ, донишҷӯи 18-сола дар вилояти Алматои Қазоқистон пайдо гардид. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон хабар доданд. Ба иттилои пулис, донишҷӯ шоми 19-уми май дар минтақаи куҳии ноҳияи Талгар нопадид шуда буд. "Наздиконаш ҷасади ӯро шиносоӣ карданд. Дар ҷасади вай нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст. Ба иттилои пешакӣ, вай худкушӣ кардааст",-хабар дод пулис. Мақомот бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" парванда боз кардаанд. Ойгул Амангелдӣ 13-уми май аз хонаашон фирор карда буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомоти Ишқобод сагҳоро "шикор" мекунанд ва президент дар бораашон китоб менависад

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 16-уми май таълифи китоби наверо оғоз кард, ки ба саг бахшида шудааст. Ин дар ҳолест, ки "шикори бераҳмона"-и сагу гурбаҳои бесоҳиб дар кӯчаҳои шаҳри Ишқобод идома дорад. "Корманди хадамоти коммуналии Ишқобод бо номи Бегенч 14-уми май дар ҳудуди боғчаи рақами 84-и маҳаллаи Гаудан дар соати корӣ, ки кӯдакон ҳанӯз дар онҷо буданд, сагеро бо як оҳанпора зада, ба ҳалокат расонд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи шоҳидон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як зан дар Узбекистон аз таркиши газ кушта шуд

Як сокини 32-солаи маҳаллаи "Тошогалик"-и ноҳияи Риштони Узбекистон 17-уми май дар натиҷаи таркиши газ кушта шуд. Пулис сабабҳои таркишро таҳқиқ мекунад. Ҳамсояҳои зан гуфтанд, таркиш замоне рух дод, ки вай дар ошхонааш машғули пухту паз буд. "Вай мехост, барои ифтор ғизо пазад, ки таркиш рух дод. Зан дар ҷои ҳодиса вафот кард. Вай ду фарзанди ноболиғ дошт", - нақл кард яке аз ҳамсояҳо. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҳаллаи "Тошогалик"-и ноҳияи Риштон аз низоми умумии газрасонӣ ҷудо аст ва сокинон аз "балонҳо" истифода мекунанд.