World News in Tajik
Июль
2019

Новости за 20.07.2019

Ozodi.org 

Телевизиони Эрон нафткаши бритониёиро нишон дод

Телевизионҳои давлатии Эрон видеоеро намоиш доданд, ки зоҳиран киштии нафткаши Бритониёст, ки дар Бандар Аббос лангар андохтааст. Видеоро рӯзи 20-уми июл намоиш доданд. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки нафткаш меъёрҳо байналмилалии шиноро риоят накард ва ба як қаиқи моҳигирии Эрон бархӯрд.

Ozodi.org 

Донишмандон мегӯянд, "ҷин" дар Фархор баёнгари як мушкили азими Тоҷикистон аст

Рустамбек Самиев сокини Фархор, ки чанде пеш бо шикоят аз бедодгарии “махлуқи ноаён” дар хонааш ба Радиои Озодӣ омад, мегӯяд, ҳеҷ касе дар пайи таҳқиқи ҳодисаҳои ғайриоддӣ нашуд.

Ozodi.org 

Посухи бадхашмонаи Чин ба Амрико дар бораи уйғӯрҳо

Мақомоти Чин баёнияи вазири умури хориҷии Амрико дар бораи муносибат бо уйғӯрҳоро “риёкорона” номида ӯро танқид карданд. Майк Помпео аз ин пештар гуфт, ки муносибати Чин бо уйғӯрҳои мусулмон “доғи аср” аст. Дар посух ба ин Генг Шуанг, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, ин баёния риёкорона ва як навъ дахолат ба умури дохилии Чин аст. Майк Помпео дар бораи муносибат бо уйғӯрҳо дар як конфронсе дар бораи озодиҳои динӣ сӯҳбат кард ва сиёсатҳои Чинро дар ин самт зери танқид гирифт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти як қазоқтабори амрикоӣ барои ҷанг ҳамроҳи ДИИШ

Дар Амрико як шаҳрванди қазоқтабори ин кишварро ба ҷанг дар канори гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва фаъолият ба ҳайси мураббӣ дар ин созмон муттаҳам карданд. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 19-уми июл гуфт, Руслан Асаинови 42-сола панҷ сол дар сафи “Давлати исломӣ” ҷангида ва ба дасти размандони курд асир афтодааст. Ӯро Нерӯҳои Демократии Сурия дастгир карда ва Амрико супурдаанд.  Додситонҳои Ню Йорк гуфтанд, ки Асаинов соли 2013 аз Бруклин ба Туркия ва сипас ба Сурия рафта то соли 2018 дар онҷо ҷангидааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Интихобот дар Хайбар Пахтунхоҳи Покистон оғоз ёфт

Дар манотиқи қабиланишин ва шимолуғарбии Покистон, ки замоне зери дасти тундравони исломӣ буд, аввалин бор интихоботи маҷлисҳои вилоятӣ баргузор мешавад. Дар интихобот, ки соати 8 рӯзи 20-уми июл оғоз ёфт, тақрибан 3 миллион нафар ҳаққи ширкат доранд. Соли гузашта 7 ноҳияи қабоилнишинро якҷо сохта вилояти Хайбар Пахтунхоҳ таъсис доданд. Қаблан сокинони ин ноҳияҳо ҳақ доштанд, дар интихоботи умумӣ ширкат кунанд. Суҳайл Хон, сухангӯи кумиссиёни вилоятии интихобот гуфт, ки 285 номзад аз ҷумла ду зан... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нерӯҳои Амрико дар Саудӣ ҷойгир карда мешаванд

Шоҳи Арабистони Саудӣ иҷозат додааст, то нерӯҳои Амрико дигарбора пас аз соли 2003 дар ин кишвар ҷойгир карда шаванд. Амрико дар он сол барои сарнагун кардани Саддом Ҳусейн дар Ироқ нерӯҳояшро ба Арабистони Саудӣ оварда буд. Хабаргузории давлатии СПА-и Саудӣ аз қавли вазорати дифои ин кишвар навишт, ”Бар асоси ҳамкорӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва майли ду тараф барои таъмини амнияту субот дар минтақа, Шоҳ Салмон ба мизбонии нерӯҳои Амрико иҷоза дод.” Мақомоти Саудӣ ҷузъиёти созиши ду тарафро ошкор накардаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар ним сол 10 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. ВИДЕО

Дар шаш моҳи ахир беш аз 10 ҳазор муҳоҷири тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ҳамин гуна, рӯзона то 55 шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти Русияро ба даст овардаанд ва ба гуфтаи мақомоти ин кишвар теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Ozodi.org 

Тими футболи Тоҷикистон дар "Hero Interсontinental Cup 2019" дувум шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии байниқораӣ («Hero Interсontinental Cup 2019») дар Ҳиндустон аз тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ozodi.org 

Баҳодур Усмонов дар Ҷоми президенти Қазоқистон барандаи медали биринҷӣ шуд

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Нурсултон имрӯз, 20-уми июл, ба поён мерасад, дар рақобатҳо дар вазни зери 63 кило бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллари ИМА  мукофотонида мешавад.

Ozodi.org 

Суолҳо дар бораи ҳузури президент дар ифтитоҳи иншооти хурду бузург

Сол то сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари худ ба минтақаҳо бештар дар ифтитоҳи иншооти гуногуне иштирок мекунад, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд. Маросимҳо, ба ақидаи шореҳон, барои мардум руҳбаландкунандаанд, вале ноаён пурсишҳорео низ ба миён меоранд.

Новости пользователей сайта 

В книгу памяти

Будаков Георгий Иванович родился в Алтайском крае призывался на фронт из г. Новосибирска пропал безвести