World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 21.11.2019

Ozodi.org 

Ҳабси 25 додрас бо ҷурми фасод. Додраси пешин: "Бо 1500 сомонӣ чӣ хел зиндагӣ кунанд?"

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як додраси занро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо иттилоъ дод ва гуноҳи асосии онҳоро “ҷиноятҳои коррупсионӣ” ном бурд. Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, қаблан дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки мизони қонуншиканӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикон то "Шкода" нарасиданд. Миёнаравҳо зиндонӣ ва фирорӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арбобов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кардааст. Ҳоли ҳозир ду намояндаи дигари ширкати "Гардуна", ки якеаш шаҳрванди Ҷумҳурии Чех аст, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Ба қавли мақомот, масъулони "Гардуна" ваъда карда будаанд, ки корҷӯёнро дар ширкати мошинбарории "Шкода"-и Ҷумҳурии Чех ду сол бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Вале баъд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв ва озодии ҳазорҳо зиндонӣ аз маҳбас, 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст.

Ozodi.org 

Аз нархи орд то талаби истеъфои вазири дифоъ дар нашрияҳои Душанбе

Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта бозтоби "сарбозшикор" ё рабудани ҷавононро барои ҷалб ба хидмати ҳарбӣ давом дода, ҳамчунин ба гаронтар шудани нархи орд таваҷҷуҳ кардаанд. Матлабҳои асосии нашрияҳои расмӣ ва давлатӣ аксаран ба парчами миллӣ ва президент бахшида шудаанд. Чопи нашрияҳо ин ҳафта ба 16-уми ноябр, яъне "Рӯзи президент" рост омад ва 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллист.  "Марги беш аз 25 ҷонвар дар Боғи ҳайвоноти Душанбе" "Азия-Плюс" дар гузориши тасвирие вазъи Боғи ҷонварони Душанберо бозтоб дода... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Сарбозшикор"-ҳои шабона дар Кӯлоб. "Облава" давом дорад? ВИДЕО

Дар ҳоле ки то анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар мондааст ва мақомот мегӯянд, беш аз 90 дарсади нақшаро иҷро карданд, сокинон аз "сарбозшикор" ё "облава" дар шабонгоҳҳо шикоят доранд. Мақомот ҳамвора вуҷуди "сарбозшикор"-ро рад мекунанд.  Ҷамшед Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, шоми 19-уми ноябр ҳангоме ки бо яке аз наздиконаш дар маҳаллаи Чармгарони Поён ба тарафи мағоза мерафт, чаҳор нафар талош кардаанд, онҳоро бо худ баранд. "Танҳо баъд аз ҷамъ шудани одамон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти 60 афвшуда. Гумонбаршудагони дуздӣ ва таҷовуз. ВИДЕО, САДО

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв ва озодии ҳазорҳо зиндонӣ аз маҳбас, 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст. Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Сарбозшикор"-ҳои шабона дар Кӯлоб. "Облава" давом дорад?

Дар ҳоле ки то анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар мондааст ва мақомот мегӯянд, беш аз 90 дарсади нақшаро иҷро карданд, сокинон аз "сарбозшикор" ё "облава" дар шабонгоҳҳо шикоят доранд. Мақомот ҳамвора вуҷуди "сарбозшикор"-ро рад мекунанд. Дар як моҳи ахир аз тарафи сокинони Фархору Ҳамадонӣ, Муъминобод, Восеъ ва Кӯлоби вилояти Хатлон ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ даҳҳо шикоят расидааст. Сокинон мегӯянд, мақомот маҷбуран вориди хонаҳои онҳо шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми ноябри соли 2019

Ҳабси 25 додрас дар даҳ соли ахир дар Тоҷикистон, даъвати ғофилгиронаи шабона ба артиш дар Кӯлоб, таҳдиди ваҳшатноки мухолифин дар Қазоқистон, нақши телевизион дар ҳаёти тоҷикон ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Чаро бештари тоҷикон ба тамошои телевизионҳои хориҷӣ бартарӣ медиҳанд?

Сабаби ба тамошои шабакаҳои телевизионҳои моҳвораии хориҷӣ рӯ овардани худро бисёре аз сокинони Тоҷикистон, вуҷуд надоштани баъзе барномаҳои мавриди писандаш дар телевизионҳои дохилӣ мегӯянд. Аз ин рӯ, баъзе коршиносон пешниҳод мекунанд, ки мӯҳтавои барномаҳои телевизионҳои ватанӣ бояд тағйир кунад.

Ozodi.org 

Дар мошини фаъоли қазоқ сари саг гузоштанд. Таҳдид ё кори авбошон?

Афроди номаълум мошини фаъоли ҳуқуқи башари қазоқ Нурҷон Муҳаммадовро тахриб намуда, дар курсии ронанда каллаи сагро ҷой додаанд. Тирезаҳои мошин шикаста, ҳавои чархҳояш хориҷ ва дар тани он калимаи ноҷо навишта шудааст. Нурҷон Муҳаммадов гуфт, "ман ин амалро бо афкори сисёсиам марбут медонам. Ҳеҷ шубҳа надорам. Сухани ман ҳақ аст ва ман бар зидди тавсеаи ҳузури Чин ҳастам. Ҳадафи онҳо бидуни шубҳа тарсонидани ман аст. "

Ozodi.org 

Нигоҳи кутоҳ ба шабакаҳои кишвар дар Рӯзи ҷаҳонии телевизион. ВИДЕО

Гулҷамол фурсати холигии худро мисли аксари сокинони Тоҷикистон ба тамошои телевизор мегузаронад. Аммо ӯ шабакаҳои телевизионҳои миллиро чандон ҳаваси тамошо кардан надорад ва ба тамошои телевизионҳои хориҷӣ бартарӣ медиҳад. Ин сокини Душанбе дар Рӯзи Ҷаҳонии Телевизион мегӯяд, "на он кадар қаноатмандем, барои он, ки бисёр чизҳо пӯшида мебошад. Мисол, хабарҳои криминалӣ, ки дар Тоҷикистон рух медиҳад, бисёртар мо аз дигар шабакаҳо тамошо мекунем. Онҳо нишон медиҳанд, аммо дар шабакаҳои мо ҳамин гуна хабарҳоро бисёр кӯтоҳ нашр мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

ИМА мегӯяд, “нерӯҳои мушакии Эрон бузургтарин дар минтақа аст”

Оҷонси истихбороти низомии Амрико дар гузориши нави худ мегӯяд, барномаи “густарда”-и Эрон имкон додааст, ки ин кишвар “бузургтарин нерӯҳои мушакиро дар Ховари Миёна” созмон диҳад. Дар гузорише, ки Пентагон 19-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, “шумора ва тавонмандии нерӯҳои мушакӣ новобаста ба талошҳо аз ҷилавгирии рушди он бештар мешавад”. Дар он таъкид шудааст, “новобаста ба даҳҳо сол таҳрим ба зидди барномаи мушакии Эрон нерӯҳояш тавони партоби мушакро то ба рақибони минтақавиаш ба масофаи то 2 ҳазор километр дорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар даҳ сол 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистонро зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як додраси занро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо иттилоъ дод ва гуноҳи асосии онҳоро "ҷиноятҳои коррупсионӣ" ном бурд.  Бархе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон ба мустақил набудани ин шохаи ҳокимият таъкид доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақоми Пентагон: Украина дар рӯзи суҳбати Трампу Зеленский кумак хоста буд

Мақомоти Украина 25-уми июли имсол, дар рӯзе, ки суҳбати телефонии баҳсбарангези президенти Амрико Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский баргузор шуд, аз манъи пешниҳоди ёриҳои низомӣ ба Киев изҳори нигаронӣ кардаанд. Муовини ёвари вазири дифои Амрико дар умури Русия ва Украина Лаура Купер рӯзи 20-уми ноябр ба қонунгузороне, ки масъалаи эҳтимоли импичмент ё изҳори нобоварӣ ба Трампро дар Конгресс баррасӣ мекунанд, гуфт, ҳамкорони ӯ аз сафорати Украина имейле гирифтанд, ки дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як фаъоли ҳуқуқи башар дар Покистон "нопадид шудааст"

Идрис Хаттак, фаъоли ҳуқуқи башари Покистон, ки ба зидди поймол шудани ҳуқуқи одамон мубориза мекард, нопадид шудааст. Хонаводааш рӯзи 20-уми ноябр ба расонаҳо гуфтанд, Хаттак ҳафтаи гузашта дар ҳоле ки ҳамроҳи ронандааш ба Хайбар Пахтунхва рафта буд, "гум шуд". Кумисюни ҳуқуқи башари Покистон аз ин вазъият ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, "эҳтимол ин як нопадид шудани маҷбурӣ аст". Ин кумисюн рӯзи 20-уми ноябр дар “Твиттер” навишт: "Аз замони зоҳиран рабуда шудани Идрис Хаттак, мудофеи ҳуқуқи башару... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як анбури ТВЕА-и Чин дар Бишкек $320 будааст. Дар Душанбе чӣ? Конҳои тило?

Кори ширкати чинии ТВЕА, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон тарҳҳоеро бо сармоягузории "Эксимбонк", бонки давлатии Чин, иҷро мекунад, рӯ ба густариш дорад. Ҳарчанд фаъолияти он дар ин кишварҳо баъзе масъала ва гумонҳоро ба вуҷуд овардааст, зоҳиран, чизе пеши роҳи ин густаришро гирифта наметавонад. Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, ширкати чинии ТВЕА (Tebian Electric Apparatus Stock Co., Ltd.) акнун барномаи таҳияи мутахассисони тоҷикро барои идораи иншооти энержии худ дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Оё шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду таҳқир кардаанд, чаро?

Истифодаи густарда аз шабакаҳои иҷтимоӣ чолишҳоеро низ ба ҳамроҳ дорад. Аз ҷумла, ин амр боис ба пайдо шудани гурӯҳ ва шабакаҳои ба истилоҳ харобкор ҳам шудааст, ки барои беобрӯ кардани шахсиятҳо ва ё аз саҳна дур кардани мунтақидони ҳукумат ва мухолифон аз онҳо истифода мекунанд. Хабарнигорони Радиио Озодӣ аз чанд нафар пурсиданд, ки оё дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳиру таҳдид шунидаанд ё не. Ҷавобҳоро дар видео бинед.

Ozodi.org 

Сербистон видеои "ҷосусӣ"-ро таҳқиқ мекунад

Мақомоти Сербистон мегӯянд, гузоришҳо дар бораи ҷосусӣ бо ширкати як дипломати Русияро таҳқиқ мекунанд. Манзур видеое дар шабакаҳои иҷтимоист, ки дар он дида мешавад, як дипломати рус ба фарде, ки бовар меравад, узви баландпояи Хадамоти амнияти Сербистон аст, пул медиҳад. Ана Брнабич, нахуствазири Сербистон рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ба Хадамоти махсуси низомӣ дастур додааст, видео ва ин иддаоро таҳқиқ кунанд, марде, ки пулро медиҳад, маъмури Хадамоти ҷосусии низомии Русия аст ё не. Видеоро рӯзи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар мошини фаъоли қазоқи мухолифи нуфузи Чин каллаи саг гузоштанд

Афроди номаълум мошини фаъоли ҳуқуқи башари қазоқ Нурҷон Муҳаммадовро тахриб намуда, дар курсии ронанда каллаи сагро ҷой додаанд. Тирезаҳои мошин шикаста, ҳавои чархҳояш хориҷ ва дар тани он калимаи ноҷо навишта шудааст. Нурҷон Муҳаммадов гуфт, "ман ин амалро бо афкори сисёсиам марбут медонам. Ҳеҷ шубҳа надорам. Сухани ман ҳақ аст ва ман бар зидди тавсеаи ҳузури Чин ҳастам. Ҳадафи онҳо бидуни шубҳа тарсонидани ман аст. " Муҳаммадов мухолифи тавсеаи рӯзафзуни ҳузури иқтисодии Чин дар Қазоқистон аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

USAID ба беморони сил дар Тоҷикистон $15 млн кӯмак мерасонад

Барои мубориза бо бемории сил Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё худ USAID, ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ба қавли Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин созмон дар маҷмӯъ ҷиҳати коҳиши бемории сил дар Осиёи Марказӣ барои 5 сол беш аз 31 миллион доллар ҷудо мекунад. Аз ин маблағ беш аз 15 миллион доллар ба Тоҷикистон дода мешавад. Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар, ба шумор мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар амалиёти "Пиёдагард" беш 1500 тан дар Душанбе ҷарима шуданд

Нозирони роҳи Душанбе дар як ҳафтаи амалиёти вижа зери унвони "Пиёдагард" беш аз як ним ҳазор сокинон ва меҳмонони пойтахтро барои нақзи ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Мақомот маълум намудаанд, ки асосан пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайро мекунанд. Ба қавли дафтари Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, "истифода накардан аз гузаргоҳҳои зерзаминиву рӯизаминӣ ва гузаштани роҳ дар ҷойҳои муқаррарнагардида ё манъшуда ба ҳолатҳои садамавӣ боис мегарданд, ки баъзан худи пиёдагардон аз онҳо осеб мебинанд". Читать дальше...