World News in Tajik
Август
2024

Новости за 21.08.2024

Ozodi.org 

"Ёфтӣ мехӯрӣ, наёфтӣ мемурӣ." Заноне, ки аз Русия баргаштанд, чӣ ҳол доранд?

Дар нимаи аввали имсол зиёда аз 80 000 зани тоҷик аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд. Мақомот мегӯянд, барои онҳо беш аз 100 ҳазор ҷойи кор омода карданд. Ду ҳамсуҳбати "Мигрант Медиа" гуфтанд, баъди бозгашт ба Тоҷикистон натавонистанд кору даромад ёбанд ва рӯзгори худро пеш баранд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми августи соли 2024 (Пахши зинда)

Вакилони мардумии Русия дар фикри ихроҷи муҳоҷирону оилаҳои онҳо ҳастанду муҳоҷирон дар фикри кумак ба фирориён аз вилояти ҷангзадаи Курск, омодагии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти обилаи маймун ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

“Бигзор фаҳманд, ки бегуноҳем.” Муҳлати ҳабси 4 гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” дароз шуд

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 21-уми август муҳлати ҳабси Исроил Исломови 62-сола аз Тоҷикистон ва писаронаш Аминҷону Диловарро, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" дастгир шудаанд, 3 моҳи дигар дароз кард.

Ozodi.org 

"Толибон" роҳи намояндаи СММ-ро ба Афғонистон баст

Ҳукумати "Толибон" вуруди Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милалро дар умури ҳуқуқи башар, ба Афғонистон манъ карданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангйи ҳукумати "Толибон" ба телевизиони “Тулуъ” хабар додааст.

Ozodi.org 

"Ҷойи зист нест… ягон нафар ба додам намерасад"

Фотима Раҳмонова, сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ, се моҳ боз дар ҳавлияш, дар рӯйи замин мехобад. Сел дар моҳи майи имсол ниме аз хонаи ӯро вайрон кард. Мегӯяд, ҳар боре нигоҳаш ба сақфу деворҳои чаппашуда меуфтад, ҷигараш хун мешавад, аммо тавони бозсозии онҳоро надорад.

Ozodi.org 

Мухолифи рус аз паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон даст кашид

Иля Яшин, cиёсатмадори рус, ки дар оғози моҳи август дар пайи табодули зиндониён аз маҳбаси Русия озод шуд, аз паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон даст кашид. Дар ин бора вай ба хабаргузории Bloomberg иттилоъ дод.

Ozodi.org 

Бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024

Дар бозиҳои аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 23-25-уми август баргузор мешаванд, ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи аввал – “Шодмон”-и Ҳисор иштирок мекунанд.