World News in Tajik

Як мақомдори Тошканд баъди ҷалби зердастонаш ба кори иҷборӣ муҷозот шуд

Роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Тошканд барои ба кори иҷборӣ ҷалб кардани зердастонаш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуд. Дар ин бора Шерзод Кубдиев, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон хабар дод.


Ба гуфтаи вай, далелҳои ҷамъовардашуда ба додситонии вилояти Тошканд ирсол шудаанд. Ибтидои моҳи июн расонаҳо хабар доданд, ки кормандони шабакаҳои барқ дар вақти корӣ ба поккории шоҳроҳи Ангрен ҷалб шудаанд.


Кормандон он замон гуфта буданд, ки роҳбари муассиса бо таҳдиди ихроҷ аз кор онҳоро иҷборан ба пок кардани шоҳроҳ маҷбур карда буд.

Читайте на сайте