World News in Tajik

Ҳалокати беш аз 40 нафар дар ҳамла ба як маркази паноҳҷуён дар Либия

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба як маркази нигаҳдории гурезаҳо дар шаҳри Троблуси Либия дасти кам 40 кас кушта ва 80 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ҳукумати аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Либия хабар медиҳад.


Мақомоти Либия зарбаҳои ҳавоиро кори "Артиши миллии Либия" ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар номиданд, ки аз моҳи апрели соли равон ҳамларо ба шаҳри Троблус оғоз кардааст.


Ба иттилои ҳукумати Либия, бештари кушташудаҳо гурезаҳои африқоие буданд, ки мехостанд тариқи ин кишвар худро ба Аврупо расонанд.


Намояндаи Хадамоти изтирории Либия дар суҳбат бо хабаргузории Франс-Пресс гуфт, яке аз бомбҳо ба иншооте афтидааст, ки дар дохили он 120 нафар ҳузур доштанд.


Артиши миллии Либия даст доштани худро дар ҳамла рад кард. Аз аввали моҳи апрели соли равон дар натиҷаи ҷангҳо барои контроли шаҳри Троблус беш аз 500 кас кушта шуда, 75 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.

Читайте на сайте