Халилзод барои шарҳи гуфтугӯ бо Толибон ба Конгресс даъват шуд
Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагони Амрико ё Конгресс Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти муттаҳида дар умури Афғонистонро ба маҷлис даъват кардааст. Халилзод дар бораи музокироти чандмоҳааш бо Толибон бояд ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико посух диҳад.
Дар ин бора хабаргузории Рейтерс гузориш додааст. Олют Онгел, раиси демократи Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтааст, пас аз онки Вазорати умури хориҷа дархости ин Кумита барои ҳузури Залмай Халилзод ҷиҳати додани шарҳро нодида гирифт, даъватнома барои худи Халилзод содир шуд.
Ба гуфтаи Олют Онгел, Вазорати умури хориҷаи Амрико дар соли равон се маротиба дархости Кумитаи умури хориҷаи Маҷлиси намояндагонро барои дарёфти шарҳ дар хусуси сулҳи Афғонистон нодида гирифтааст.
"Чанд моҳ аст, ки мо натавонистаем дар хусуси тарҳи сулҳи Афғонистон посух ба даст орем ва акнун раиси ҷумҳур мегӯяд, ки ин тарҳ мурдааст. Мо бояд ба таври мустақим аз намояндагони вижаи давлат дар умури Афғонистон шунавем, ки чигуна раванди музокирот аз масираш хориҷ шуд,"-гуфт раиси Кумитаи равобити хориҷаи маҷлиси намоядагони Амрико.
Бар асоси даъватнома, Залмай Халилзод бояд рӯзи панҷшанбеи 19-уми сентябр ба Маҷлиси намояндагони Амрико ҳозир шавад.
Музокироти сулҳ бо гуруҳи Толибон чанд моҳ идома кард ва як ҳафта пеш Залмай Халилзод гуфт, тавофуқ бо ин гуруҳ усулан ниҳоӣ шуда, танҳо ба тасдиқи Доналд Трамп ниёз дорад.
Аммо Доналд Трамп рӯзи шанбеи 7-уми сентябр дар чанд твит эълом кард, ки дидор бо роҳбарони Толибон ва раисҷумҳури Афғонистонро дар "Camp David" лағв кардааст.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 9-уми сентябр таъкид кард, ки “то онҷо ки ба ман марбут мешавад музокирот мурдааст.”
Амрико соли 2001 бо ҳамлаҳои низомӣ ба Афғонистон давлати Толибонро сарнагун кард. Давлати Толибон ба гуруҳи “Ал-қоида” паноҳгоҳ дод, ки масъулияти ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябрро ба уҳда гирифта буд.
Амрико ба таври расмӣ маъмурияти ҷангии худ дар Афғонистонро соли 2014 хотима бахшид. Аммо ҳудуди 14 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мондаанд, ки аксарияти онҳо ба омӯзиши неруҳои ҳукумати Афғонистон машғул мебошанд.
Ҷанги Афғонистон тулонитарин набарде аст, ки Амрико дар он иштирок дорад. Ҷанг дар ин кишвар даҳҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Бино ба гузориши расмии Вазорати дифои Амрико то моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 2210 низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.