World News in Tajik

Як ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон гирифтанд

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон гуфтанд, рӯзи 12-уми октябр ноҳияи Дашти Арчии вилояти Кундузро аз зери тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон озод кардаанд. Ин ноҳия дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар баёнияи Вазорати дифои Афғонистон гуфта шудааст, нерӯҳои давлатии Афғонистон ба маркази ноҳия ҳамла бурда, "паноҳгоҳҳои душманро хароб карданд" ва "ба онҳо зиёни ҷиддӣ расонданд". Толибон аз соли 2015 ба ин тараф дар вилояти шимолии Кундуз, ки аз назари стратегӣ ва иқтисодӣ муҳим шумурда мешавад, ҳузури густарда доранд.

Читайте на сайте