World News in Tajik

Дар Арманистон як шаҳр ва деҳа дар паи коронавирус баста шуданд

Мақомот дар Арманистон як шаҳр ва деҳаи наздик ба онро дар вилояти Ширак баъди санҷиши мусбати 18 ходими тибаш ба коронавирус масдуд карданд. Рӯзи 20 апрел тамоми  роҳҳо ба самти шаҳри Маралик баста шуда посгоҳҳои полис вазъро назорат мекунанд. Як масъули полис ба бахши Армании Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо афроди дорои иҷозатномаи махсус ҳақ доранд ба шаҳр ворид шаванд. Тигран Авинян, муовини нахуствазири Арманистон ва раҳбари ситоди зиддикоронавирус рӯзи 18 апрел гуфт, ки баъди тасдиқ шудани вуҷуди вирус дар ҷисми 18 корманди беморхона тасмим ин шуд, ки шаҳри Маралик ва деҳаи Дзоракап, ки ҳамшафати ин шаҳр аст, ба карантин гирифта мешавад. Дар беморхона дар маҷмӯъ 61 нафар кор мекунад. 

Читайте на сайте