Дилшод Нурматовро ба назди кӯдаконаш ба Маскав баргардонданд
Дилшод Нурматов, муҳоҷири тоҷик, ки кӯдаконаш баъди марги модар дар Русия танҳо монда буданд, аз Душанбе ба Маскав рафтааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, сафари ӯ бо ризояти ҷониби Русия шаби 19-уми май имконпазир шуд ва ҳоло дар хонааш дар карантин аст.