World News in Tajik

Ҳамла ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар Мазори Шарифи Афғонистон

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 20 август ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон яке аз кормандон ҷароҳати вазнин бардошт.


Корманди маҷруҳро ба бемохонаи шаҳри Термизи Узбекистон интиқол додаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла як сарбози афғон кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст. Масъулияти ин ҳамларо ҳеч гуруҳе ба зима нагирифтааст.


Мақомоти Афғонистон ҳамлагаронро ҷустуҷӯ доранд.

Читайте на сайте