World News in Tajik

Ҳукумати Алмато ба баргузории гирдиҳамоии ислоҳоти сиёсӣ иҷозат дод

Чанд тан аз фаъолони шаҳри Алматои Қазоқистон шоми 12-уми октябр хабар доданд, ки ҳукумати шаҳри Алмато ба баргузории гирдиҳамоии ислоҳоти сиёсӣ иҷозат дод.


Ҳукумати шаҳри Алмато гуфтааст, дар гирдиҳамоӣ на бештар аз 500 кас ҷамъ шавад. Фаъолон тасмим доранд, бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ гирди ҳам оянд.


Ҳамчунин аз сокинон талаб шудааст, ки ҳангоми гирдиҳамоӣ меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Қарор аст, ин гирдиҳамоӣ аз соати 12 то 15 рӯзи 31-уми октябр баргузор шавад.


Ин дар ҳолест, ки мақомоти шаҳри Алмато пештар аз ин ба айни ҳамин дархост посухи рад дода буданд.

Читайте на сайте