"Равшан" ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифта буданд.