World News in Tajik

Дар Қазоқистон синфҳои болоӣ ва донишҷӯён ба таҳсили анъанавӣ бармегарданд

Комиссияи байниидоравии мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон бо пешниҳоди Вазорати маорифи ин кишвар иҷозат додааст, ки хонандагони синфҳои болии мактабҳои миёна ва донишҷӯён аз соли нав ба таҳсили анъанавӣ баргарданд.


Бар пояи қарори комиссия, хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11      70 дарсади фанҳоро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар шакли анъанавӣ ва 30 дарсади боқиро фосилавӣ хоҳанд омӯхт.


Дар ҷаласаи комиссияи ба раҳбарии сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин иттилоъ дода шудааст, ки вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар таҳти назорат аст.


Вале гуфта шудааст, ки дар моҳҳои январу феврали соли оянда, дар пасманзари авҷи бемории зуком эҳтимоли афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус вуҷуд дорад. Бинобар ин, мақомоти қазоқ аз 25 декабри соли равон то 5 январи соли 2021 баргузории ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои оммавиро бахшида ба соли нав манъ кардаанд.

Читайте на сайте