Муаллифи "Оёти шайтонӣ"-ро қабл аз суханронӣ дар саҳна чанд корд заданд
Намояндаи Салмон Рушдӣ гуфт, ин адиби шинохта, ки қабл аз оғози суханронӣ дар Ню Йорк аз дасти фарде чанд корд хӯрд, зери дастгоҳи нафаскашӣ аст ва ҷигару нахҳои асабаш осеб дидаанд.