Ҳинд ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои покистонӣ баст
Кишвари Ҳинд шурӯъ аз 30 апрел ҳарими ҳавоии худро барои ҳама ҳавопаймоҳои Покистон баст. Маҳдудият то 23 май давом мекунад. Ин қарори Деҳлии нав дар посух ба ҳамлаи террористӣ дар Кашмир дар рӯзи 22 апрел аст, ки дар натиҷаи он 25 турист, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳинд кушта шуданд. Ҳинд Покистонро дар пуштибонӣ аз терроризм дар минтақаи баҳсноки Кашмир айбдор кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки дар миёни ҳамлагарон ду шаҳрванди Покистон буданд. Исломобод ин иттиҳомҳоро комилан беасос номида ба барпо кардани тафтиши мустақилона даъват намудааст.