World News in Tajik

Руҳониёни Саудӣ аз ҳаққи ронандагии занон ситоиш карданд

Мақомоти мазҳабии Арабистони Саудӣ аз онки занони ин кишвар ҳаққи рондани мошинро ба даст оварданд, ситоиш карданд.


Шӯрои олии уламои динӣ фармонеро, ки ба занони Саудӣ иҷозаи ронандагиро дод, ба манфиати ҷомеаи кишвар донист.


Рӯзи 24-уми июн мамнӯияти ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ аз байн рафт. Қаблан занони Саудӣ метавонистанд, танҳо бо ҳузури шавҳару падар ва бародари худ ронандагӣ кунанд.


Ин ибтикор тавассути Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ тасвиб шуд, ки хостори баъзе ислоҳот дар кишараш аст.


Арабистони Саудӣ ягона кишваре дар ҷаҳон буд, ки занон дар он кишвар иҷозаи ронандагӣ надоштанд.

Читайте на сайте