World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 24.06.2018

Ozodi.org 

Руҳониёни Саудӣ аз ҳаққи ронандагии занон ситоиш карданд

Мақомоти мазҳабии Арабистони Саудӣ аз онки занони ин кишвар ҳаққи рондани мошинро ба даст оварданд, ситоиш карданд. Шӯрои олии уламои динӣ фармонеро, ки ба занони Саудӣ иҷозаи ронандагиро дод, ба манфиати ҷомеаи кишвар донист. Рӯзи 24-уми июн мамнӯияти ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ аз байн рафт. Қаблан занони Саудӣ метавонистанд, танҳо бо ҳузури шавҳару падар ва бародари худ ронандагӣ кунанд. Ин ибтикор тавассути Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ тасвиб шуд, ки хостори баъзе ислоҳот дар кишараш аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Пулис дар шарқи Украина ҳафт нафарро боздошт кард

Пулиси Украина гуфт, ки дар иртибот ба ҳамлаи маргбор болои як урдугоҳи қавми Рома дар атрофи шаҳри Лвив ҳафт нафарро боздошт кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки рӯзи 23-юми июн сурат гирифт, ҷавоне 24-сола кушта шуд. Ба қавли пулиси Украина, бар асари ин ҳамла чаҳор нафари дигар захмӣ шуда, дар бемористон бистарианд.  Чаҳор гуруҳи ҳуқуқи башар, бо шумули созмони Афви Байналмилалӣ, дар як нома ба мақомоти Украина ҳамлаи ахир ба урдугоҳи қавми Ромаро ба шиддат танқид карданд. Бино ба тахмини гуруҳи Шӯрои ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сандерзро ба хотири кор бо Трамп аз тарабхона "рондаанд"

Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, тасдиқ кард, ки ба хотири кор бо раиси ҷумҳур Доналд Трамп аз як тарабхонаи Вирҷиния берун карда шудааст. Сандерз дар “Твиттер” навишт, молики тарабхона барояш боадабона гуфт, то аз ресторан хориҷ шавад ва ӯ ҳам пазируфт. Сара Сандерз аз ҷумлаи чанд намояндаи маъмурияти Доналд Трамп аст, ки ахиран бо бархӯрди хашин дар тарабхонаҳо дучор шудаанд. Дар аввали ҳафтаи гузашта вазири умури амнияти дохилии Амрико маҷбур шуд, ки аз як ресторани мексикоӣ ғизояшро нотамом монда, берун шавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сӯхтор дар ошхонаи “Роҳат” дар Душанбе

Ошхонаи “Роҳат”, дар наздикии корхонаи нассоҷии Душанбе, рӯзи 24-уми июн оташ гирифтааст. Бархе аз шоҳидон гуфтанд, ки ҳодиса соати чоруними бегоҳ рух дод. Дар аксу навори фиристодаи баъзе аз корбарон дуду аланги баланди оташ дида мешавад. Ин ошхона дар рӯбарӯи ошхонаи маъруфи “Лаззат” ҷойгир буда, яке аз маҳалҳои сермуштарӣ гуфта мешуд. Тайи як моҳи охир дар чанд гӯшаи Душанбе сӯхтор сабт шудааст. Ҳафтаи гузашта як маркази савдои мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ дар маҳалали “Воданасосний” оташ гирифт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷамолиддин Нуралиев аз БАТР хост, ба Роғун сармоягузорӣ кунад

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хостааст, ки дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунад. Дархости Нуралиев дар мулоқот бо Бетси Нелсон – муовини президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе садо додааст. Муовини аввали раиси Бонки Миллӣ сохтмони Роғунро “яке аз бахшҳои афзалиятноки кишвар” номидааст. Тайи ду моҳи охир бори дувум аст, ки Ҷамолиддин Нуралиев Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Гирифторӣ ба телефону компютер бачаамро бемору асабӣ кард"

Ситора, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз “гирифтории” ду кӯдаки хурдсолаш ба бозиҳои телефониву компютерӣ сахт нигарон аст. Ӯ рӯзи 24-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писари ҳафтсолааш ба дарди чашм гирифтор шуда, ин саргармӣ писари шашсолаашро “асабӣ ва дағал” кардааст.

Ozodi.org 

Ҳукми як руҳонӣ барои ҳифзи навори фаҳшо бо иштироки кӯдакон

Руҳонии итолиёвӣ ва собиқ дипломат Карло Алберто Капелла барои ҳифзу нигаҳдории наворҳои фаҳшо бо иштироки кӯдакон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Капелла ба гуноҳи худ иқрор карда, дар Додгоҳи Ватикан гуфтааст, ҳангоми кор дар Вашингтон дучори буҳрон шуда буд. Департаменти давлатии Амрико моҳи августи соли 2017 Ватиканро огоҳ кард, ки эҳтимол яке аз кормандони сафораташ дар Вашингтон навори фаҳшо бо иштироки кӯдаконро нигоҳ медорад. Баъди як ҳафтаи он мақомоти Амрико хостанд, ки масунияти дипломатии Капелла лағв шавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Туркия идома дорад

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия идома дорад. Раиси ҷумҳури кунунӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз 15 сол ба ин тараф ҳокимияти комили Туркияро дар даст дорад. Аммо ҳоло гуфта мешавад, аҳзоби мухолиф як эътилофро дар баробари ҳокимияти мутлақи Эрдуғон эҷод мекунанд. Раиси ҷумҳури Туркия дар моҳи апрел эълон кард, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонии кишвараш як сол пеш аз таърихи таъйиншуда баргузор хоҳад шуд. Бар асоси гузоришҳо, пирӯзӣ дар интихобот ба Эрдуғон кумак хоҳад кард, ки қудраташро афзоиш диҳад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Саудӣ монеаҳо барои ронандагии занонро аз байн бардошт

Тамоми монеаҳо барои ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ бардошта шудааст. Аз ин ба баъд ҳамаи занон бо доштани парвона ё ҳуҷҷат метавонанд, дар Арабистони Саудӣ мошин биронанд. Ин маҳдудият, ки барои рафъаш занони Саудӣ солҳо интизор буданд, аз соати 12-и шаби 24-уми июн ба иҷро даромад. Пеш аз ин, занон дар Арабистони Саудӣ танҳо дар сурате метавонистанд ронандагӣ кунанд, ки ҳамсар, падар ё бародарашон дар канори онҳо мебуд. Тасмими рафъи монеаҳо барои ронандагии занон аз тарафи Муҳаммад бин Салмон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Насрин Сутуда васиқаи 150 ҳазор доллариро рад кардааст

Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки Насрин Сутуда, вакили дифо ва фаъоли ҳуқуқи башар, васиқаи содиршуда аз тарафи як додгоҳи Эронро рад кардааст. Ин вакили мудофеъ рӯзи 13-уми июн дастгир шуд. Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутуда, ба хабаргузории "Исно" гуфтааст, ҳамсараш васиқаи муодили 150 ҳазор долларро рад намуд. Насрин Сутуда ба таблиғоти зидди системаи ҳукуматӣ дар Эрон муттаҳам аст. Хонум Сутуда аз заноне дифоъ кардааст, ки ба хотири эътироз алайҳи пӯшидани чодар ва рӯсарӣ мавриди пайгарди қонун қарор гирифтаанд.

Ozodi.org 

Ду интихобот дар Туркия – Имтиҳони Эрдуғон ва мухолифон. ВИДЕО

Интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия, ки рӯзи 24-уми июн оғоз шуд, ё ба қудрати Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури кунунӣ – хоҳад афзуд ваё роҳи мухолифонашро ба сӯи қудрат боз хоҳад кард.

Ozodi.org 

Артиши Ироқ гуфт, ки 45 ҷангҷӯи ДИИШ-ро дар Сурия кушт

Артиши Ироқ гуфт, ки 45 ҷангҷӯи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ба шумули раҳбарони аршадаш, дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шарқи Сурия кушта шуданд. Дар иттилоияи расмӣ омадааст, артиши Ироқ рӯзи 22-юми июн ҷангҷӯёни ДИИШ-ро дар вилояти Дейр-аз-Зур, наздикии сарҳади Ироқ, бо истифода аз ҳавопаймоҳои F-16 бомбаборон кардааст. Аз моҳи апрели имсол ба ин тараф нирӯҳои ҳавоии Ироқ чанд ҳамларо алайҳи минтақаҳои таҳти назорати гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия анҷом додааст.