World News in Tajik

Додгоҳи гумонбар дар қатли Моҳира Ятимова як ҳафта баъд ҷараён мегирад

Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд. Куштори Моҳира Ятимоваи 33-сола рӯзи 6-уми июни имсол рух дод ва баъд аз як рӯзи ин ҳодиса шавҳари собиқи ӯ Бобоҷон Ширинзода бо гумони содир кардани ин куштор боздошт шуд.

Читайте на сайте