World News in Tajik
Сентябрь
2018

Новости за 13.09.2018

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дахолати Қодиров ба таниши Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Тиматӣ: 24/7 занг зан

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, дар пайи таниши варзишкор Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо репсаро Тиматӣ паёми видеоие нашр карда, ҷонибҳоро ба зиндагӣ дар фазои дӯстӣ даъват намуд

Ozodi.org 

Зиндагии беш аз 300 нафар дар сохтмонҳои нотамом: Бе санад, бе лифт. ВИДЕО

Беш аз 300 сокини се бинои навбунёди даҳтабақа дар кӯчаи Раҳимии шаҳри Душанбе (наздикии бинои Додситонии кул) шикоят доранд, ки моликони сохтмон биноро нотамом гузошта, ҳаволаи мардумро ба Худо супурдаанд.

Ozodi.org 

Ватикан ба таҳқиқи дастдарозии ҷинсӣ дар ИМА иқдом кард

Попи Рум Франсиск ба таҳқиқи парвандаи усқуфи Амрико, ки ба дастдарозии ҷинсӣ гумонбар мешавад, дастур дод. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 13-уми сентябр бо такя ба мақомҳои расмии Ватикан ва калисои католикии Амрико гузориш дод. Сухан дар бораи Майкл Брансфилди 75-сола аз усқуфи аъзами Уилинг-Чарлстон меравад, ки ахиран истеъфо дод. Брансфилдро дар ин мақом муваққатан усқуфи аъзами амрикоӣ Вилям Лори иваз мекунад. Ӯ муаззаф шудааст, ки парвандаи Брансфилдро таҳқиқ кунад. Гумон меравад,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Донишҷӯёни Академияи исломӣ барои пӯшидани ҳиҷоб ихроҷ шуданд

Дар Узбекистон чаҳор донишҷӯи Академияи байналмилалии исломии Тошкандро барои пӯшидани ҳиҷоб ихроҷ карданд. Ба 60 донишҷӯи дигар, ки намехоҳанд бе ҳиҷоб ба дарсҳо ҳозир шаванд, ихроҷшавӣ таҳдид мекунад. "60 донишҷӯи дигар ҳиҷобҳои худро намегиранд. Дар ҳоли ҳозир, раҳбарияти Академия бо онҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронад. Ҳоло онҳоро ба дарсҳо роҳ дода истодаанд, то барои ихроҷ карданашон баҳонае пайдо кунанд", - навиштааст бахши узбекии Би-би-сӣ. Бино ба хабарҳо, Шуҳрат Ёвкочев, ки 28-уми... Читать дальше...

Ozodi.org 

Президенти Беларусия бори аввал дар 24 сол ба Узбекистон сафар кард

Раиси ҷумҳури Беларусия Александр Лукашенко бори аввал дар 24 соли ахир бо сафари расмӣ вориди Тошканд шуд. Мулоқоти ӯ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 13 сентябр дар ҳайъати хурд  баргузор шуд. Мулоқоти ҳайъатҳои густардаи ду кишвар  низ дар назар аст,- дар ин бора сухангӯи президенти Узбекистон хабар дод. Шавкат Мирзиёев аз имкони тиҷоратӣ дар байни ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, ки гардиши мол дар байни Беларусия ва Узбекистаон дар соли 2017 ба 60 дар сад ва сар аз моҳи январи соли равон чаҳор баробар афзоиш ёфт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Як хеши Ширинзода: Бобоҷон аз қатли Моҳира пушаймон шудааст. ВИДЕО

Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Ozodi.org 

Додгоҳи гумонбар дар қатли Моҳира Ятимова як ҳафта баъд ҷараён мегирад

Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд. Куштори Моҳира Ятимоваи 33-сола рӯзи 6-уми июни имсол рух дод ва баъд аз як рӯзи ин ҳодиса шавҳари собиқи ӯ Бобоҷон Ширинзода бо гумони содир кардани ин куштор боздошт шуд.

Ozodi.org 

Шабакаи RT сӯҳбати "Башоров" ва "Петров"-ро нашр кард

Шабакаи телевизионии RT сӯҳбати ду нафреро намоиш дод, ки худро "Александр Петров" ва "Руслан Башоров" муаррифӣ карданд. Британия ду нафарро бо ин ном ба истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб - Новичок алайҳи Сергей Скрипал ва духатри ӯ Юлия дар Солсбери, муттаҳам кардааст.  Сардабири шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян, ки барандаи сӯҳбат буд, қаблан гуфт, ки ин ду нафар худашон ба ӯ дар тамос шуданд. Ин тамос дақиқан ҳамон рӯзе сурат гирифт, ки президенти Русия Владимир Путин ин ду нафар -... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 13-уми сентябри соли 2018

Ҷанҷол барои лӯлаи об дар Воруху Боканд, муҳокимаи қотили Моҳира Ятимова, зиндагии даҳҳо хонавода дар бинои нимасохти Душанбе , тамринҳои низомии Русия ва кишварҳои Паймони Нато, гушти ҳалол дар Амрико

Ozodi.org 

Истеъмоли гӯшти ҳалол дар Амрико роиҷ мешавад?

Ширкатҳои амрикоӣ рӯз ба рӯз истеҳсоли маҳсулот бо тамғаи ҳалолро зиёд мекунанд, чун талабгорони гушти ҳалол ва дигар маҳсулоти мутобиқ тавлидшуда бар тибқи шариат афзоиш ёфтааст.

Ozodi.org 

Аз додгоҳ хостанд, ки Хайрулло Мирсаидовро пурра сафед кунад

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – аз додгоҳ хостааст, ки парвандаашро аз нав баррасӣ карда, ӯро пурра сафед намояд. Дархости ӯ рӯзи 13-уми сентябр ба Раёсати додгоҳи вилояти Суғд супурда шудааст.

Ozodi.org 

Хайрулло Мирсаидов аз додгоҳ хост, ки ӯро "сафед" кунад

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – аз додгоҳ хостааст, ки парвандаашро аз нав баррасӣ карда, ӯро пурра сафед намояд. Дархости ӯ рӯзи 13-уми сентябр ба Раёсати додгоҳи вилояти Суғд супурда шудааст.

Ozodi.org 

Далер Назаров: Муҳоҷират ба ман имконияти бештаре дод

Овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик дар як мусоҳибааш бо хабарнигори қирғиз Султон Қаназаров дар бораи оҳангу мусиқӣ, ҳамоиши халқҳо, эҷоди оҳанг барои филмҳои бадеӣ ва зарурати иттиҳоди одамон сӯҳбат кард. Мусоҳиба бо забони русӣ аст Известный таджикистанский композитор и исполнитель Далер Назаров о культурной и человеческой общности народов, отсутствии границ для взаимодействия, доброте и событиях начала 90-х в Таджикистане. Беседовал журналист Султан Каназаров.

Ozodi.org 

Ширкати Apple iPhone ва Apple Watch-и навро муаррифӣ кард

Ширкати Apple бо ҳадафи густариши ҷойгоҳаш дар бозори телефонҳои ҳушманд калонтарин iPhone ва  Apple Watch-ро муаррифӣ кард, ки нуқси дилро мушаххас мекунад. Ислоҳи хурд дар телефонҳои ширкати Apple, мақараш дар Калифорния, баъди таъғироти густардаи  iPhoneХ дар соли 2017 интизор мерафт.  Ҳаҷми экрани телефони нави iPhone XS 14,7 санитиметр буда, нархаш $999 аст. Экрани XS Max, калонтарин iPhone дар таьрихи ширкат ва бузургтарин дар бозори телефон, 16,5 сантиметр аст ва нархаш $1,099 аст. ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Стив Свердлов: Ҳанӯз аз ҳайати Тоҷикистон ваъдаи хос нагирифтем

Стив Свердлов – пажуҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро зарур аст дар баробари ҳифзи субот ҳуқуқи башарро низ ҷиддӣ риоя кунад. Суҳбати хабарнигорони мо бо Стив Свердлов рӯзи 13-уми сентябр дар Варшава сурат гирифт.

Ozodi.org 

Чаҳор нафар дар Эрон баъди истеъмоли шароб даргузаштанд

Чаҳор нафар, бо шумули як зан, дар Эрон баъди нӯшидани шароб фавтиданд. Ба гуфтаи мақомоти адлияи ин кишвар, ҳодиса дар шаҳри Караҷ, воқеъ дар қисмати ғарбии Теҳрон, ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузории наздик ба ҳукумати Эрон - ИСНА рӯзи 13-уми сентябр аз қавли додситони Караҷ Ризо Шоҳкарамӣ гуфт, наздик ба 40 нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Додситон гуфтааст, ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр рух дод, таҳқиқ мешавад. Аз замони инқилоби исломии Эрон дар соли 1979... Читать дальше...