World News in Tajik
Март
2018

Новости за 16.03.2018

Ozodi.org 

Остона пешниҳоди Лавровро барои бознигарии визаи амрикоиҳо рад кард

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пешниҳоди Русия, дар робита бознигарии низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кард.  Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 15 март дар Маскав гуфт, созишномае, ки сафари бидуни раводиди амрикиҳо ба Осиёи миёнаро таъмин мекунад, бояд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бознигарӣ шавад.  Қазоқистон ва Русия, якҷо бо  Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия узви Иттиҳоди Авросиё мебошанд. Анвар Ҷайнақов- сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 16 март гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

20 сокини дигари Ишкошим бо нишонаҳои гепатити гелиотропӣ бистарӣ шуданд

Рӯзи сешанбеи 13 март боз як гурӯҳи 20-нафараи сокинони ҷамоати деҳоти Питуп ба бемористони Хоруғ интиқол дода шуданд ва феълан шумори афроди заҳролудшудаи бистарӣ ҳудуди 30 нафар мебошад.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик: "Нони хӯрданӣ надорем"

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бештар аз се рӯз аст, дар роҳ ба сӯи Русия дар Қирғизистон дармондаанд. Яке аз ин муҳоҷирон видеоеро аз вилояти Ботканд ба Радиои Озодӣ фиристод, ки нишон медиҳад, даҳҳо муҳоҷири тоҷик зери борон истодаанд ва ё дар утоқҳои танге нишаста ва шикоят мекунанд.

Ozodi.org 

Каромат Шарипов: Ман дар Тоҷикистон ба кӣ даркорам

Каромат Шарипов – раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия – аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ки барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон ё Бритониё ба ӯ кумак кунад. Русия охири соли гузашта Шариповро ба Тоҷикистон ихроҷ кард ва аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум намуд.

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон: "Фармони заҳролуд кардани Скрипалро Путин додааст"

Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон гуфт, ки истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар қаламрави шоҳигарии Британия, эҳтимол бо фармони президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст. Дар ин бора Reuters рӯзи 16 март бо такя ба изҳороти вазир хабар дод.  "Мо ба Русия мухолифате надорем. Ҳодисае, ки рух дод набояд мояи русбадбинӣ шавад. Ихтилофи мо бо Путин в Кремл аст ва ба назари мо ба эҳтимоли зиёд истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар Британия, давлати аврпуоӣ, барои нахустин бор аз замони... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 16-уми марти 2018 (HD)

Оҷонсии зидди фасод фаъолияти зиёд дар як мансабро сабаби коррупсия номид, Моҷарои таҷовузи эҳтимолии писари 7-cола дар Қазоқистон, Ковбойҳои амрикоӣ бузкашии човандозони тоҷикро тамошо карданд, Уралские -авиалинии нархи чиптаҳо ба Тоҷикистонро 55 фойиз поийн бурд.

Ozodi.org 

Дар ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғутаи Шарқӣ дастикам 30 нафар кушта шуд

Рӯзи ҷумаи 16 март, дар ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғутаи Шарқӣ дасткам 30 нафар, бо шумули шаш кудак ба ҳалокат расид. Наздик ба 100 нафар аз аҳолии мулкӣ захм бардошт. Дар ин бора Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод. Ғутаи Шарқӣ, воқеъ дар канораҳои Димишқ, дар иҳотаи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Артиши Башор Асад, бо пуштибонии низомиёни Русия, мавқеи мухолифини мусаллаҳро бомбаборон мекунад. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар аз оғози сол дар ин минтақа наздик ба 1000 аҳолии мулкӣ кушта шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Маскав аз аз омодагиаш ба таҳримҳои нав алайҳи ИМА хабар дод

Русия ба эълони таҳримҳои ҷавобӣ алайҳи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико омода мешавад. Дар ин бора РИА Новостӣ рӯзи ҷумъа аз қавли муовини вазири умури хориҷӣ Сергей Рябков хабар дод. Рябков гуфтааст, ки Маскав рӯйхати сиёҳашро аз ҳисоби ворид кадани "гурӯҳи нави шахсиятҳои Амрико" комил мекунад. Дипломати рус  иддао кард, ки таҳримҳои ҷавобӣ интихоби Маскав нест ва русҳоро ба ин амал гӯё сиёсати Вашинтон водор мекунад. Рӯзи 15 март Ийолоти Муттаҳидаи Амрико 14 шаҳрванди Русияро таҳрим кард, ки ба дахолат... Читать дальше...

Ozodi.org 

Маскав аз омодагиаш ба таҳримҳои нав алайҳи ИМА хабар дод

Русия ба эълони таҳримҳои ҷавобӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода мешавад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи ҷумъа аз қавли муовини вазири умури хориҷӣ Сергей Рябков хабар дод. Рябков гуфтааст, ки Маскав рӯйхати сиёҳашро аз ҳисоби ворид кадани "гурӯҳи нави шахсиятҳои Амрико" комил мекунад. Дипломати рус  иддао кард, ки таҳримҳои ҷавобӣ интихоби Маскав нест ва русҳоро ба ин амал гӯё сиёсати Вашинтон водор мекунад. Рӯзи 15 март Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 шаҳрванди Русияро таҳрим кард, ки ба дахолат... Читать дальше...

Ozodi.org 

ВАО: "Заҳри фалаҷкунандаи асаб дар ҷомадони духтари Скрипал буд"

Гази фалаҷкунандаи асаб, ки ҷосуси пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал бо истифода аз он заҳролуд, дар ҷомадони духтараш Юлия буд. Юлия рӯзи 3 март аз Русия ба Британия омад, аммо  аз вуҷуди ин газ ҷомадонаш огоҳ набуд,- навишт рӯзи гузашта нашрияи The Guardian, бо такя ба манбаҳояш дар хадамоти махсуси Британия. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои  нашрия, муфаттишон ин фарзияро меомузанд, ки либосҳо, маводи ороишӣ ва ё тӯҳфаҳоеро, ки Юлия бо худ овард ва дар хонаи Скрипал боз кард, ҳануз дар Маскав бо гази заҳрогин олуда буданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷанҷоли "таҷовузи" писараки 7-сола калонтар мешавад

Дар Қазоқистон, ҷанҷол сари қазияи таҷовузи эҳтимолии як писари 7 сола идома дорад. Бибии писарак мегӯяд, бо вуҷуди онки борҳо ба мақомот аз озор дидани наберааш муроҷиат кард, аммо ба ӯ гуфтанд, кудак таҷовуз нашудааст ва иддаои ӯ асос надорад.

Ozodi.org 

Тоҷири қазоқ бо ҷурми "куштори фармоишӣ" ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Қазоқистон рӯзи 15 март тоҷир  Муродхон Токмадиро бо ҷурми "куштори фармоишӣ" ба муҳлати 10,5 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ Токмадиро дар куштори раиси вақти "Бонки ТуранАлем" Ержан Татишев, дар соли 2004 айбдор кард. Тогмадӣ соли 2007 бо ҷурми куштори Татишев зиндонӣ шуда буд, аммо он замон парвандаи куштор бо моддаи "аз рӯи беэҳтиётӣ дар шикор" баррасӣ мешуд. Дар парвандаи нав кушторро "фармоиш"-и мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов унвон карданд, ки ҳоло дар хориҷ паноҳанда аст. Токмадӣ моҳи июни соли 2017 боздошт шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Назарбоев бо писари Бердимуҳаммадов дар Остона мулоқот кард

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 15 март дар шаҳри Остона бо Сардор Бердимуҳаммадов, раиси кумитаи порлумони Туркманистон ва писари раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Бердимуҳаммадови хурдӣ дар ҳайати як гуруҳи мансабдорони кишвараш ба раҳбарии раиси порлумон Акджа Нурбердиева ба Остона сафар кард. Биноба маълумоти хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар вохӯрӣ бо Бердимуҳаммадови хурдӣ тақвияту рушди ҳамкориҳои Ишқобод ва Остонаро муҳим номида... Читать дальше...

Ozodi.org 

Изҳороти раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса зидди Русия

Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса гуфтанд, заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал нахустин ҳолати истифодаи маводи фалаҷкунандаи мағзи сар дар Аврупо баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум аст. Кишварҳои чаҳоргона дар изҳороти муштараки худ ҳодисаро як навъи ҳамла ба соҳибихтиёрии шоҳигарӣ номида, гуфтанд, масъулияти он бар зиммаи Русия аст. Дар изҳорот бори дигар зикр шудааст, ки Русия Конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро нақз кард. Раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса аз Москва хостанд, дар бораи маводи "Новичок"... Читать дальше...