World News in Tajik
Март
2018

Новости за 22.03.2018

Ozodi.org 

Президент: Дар Тоҷикистон 1,2 миллион нафар бо оби пок таъмин шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  гуфт,  талабот ба захираҳои об дар саросари ҷаҳон то рафт афзоиш меёбад ва ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани "муносибатҳои нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад”. Рӯзи 22 март зимни суханронӣ дар  ҷаласаи марбут ба  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Ню-Йорк, президенти Тоҷикистон гуфт, “шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон эъломияи ҳуқуқи маъюбонро имзо кард

Дар Ню-Йорк рӯзи 22 март  маросими имзои эъломияи СММ  оид ба маъюбон баргузор шуд. Ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон  ва муовини Дабири кулли СММ Мигел де Серпа Суарес иштирок карданд. Эъломияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ  13 декабри соли 2006 қабул шуда, 3 майи соли 2008  ҳукми қонунӣ гирифт. То соли 2017  - 175 кишвар ин санадро эътироф кардаанд. Тасвиби ин санад аз ҷониби Тоҷикистон иҷрои ӯҳдадориҳои марбута дар заминаи таъмини ҳуқуқи афроди имконияташон маҳдудро дар кору зиндагӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Набард дар Наврӯз барои чист?

Дар Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз мусобиқоти гӯштӣ дар ҳар кунҷу канори кишвар баргузор мешавад. Садҳо нафар ба дидани рақибоне мераванд, ки бо усулҳои суннатии гуштӣ якдигарро бардошта ба замин мезананд. Асрори маҳбубияти гуштӣ дар ин гузориши Радиои Озодӣ аст.

Ozodi.org 

Шаҳёдаву Фурқат бо хотирот дар зери борон

Радиои Озодӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз ба суроғи ду адиби навқалами тоҷик Шаҳёда ва Фурқат рафт, ки аз ҳоло ашъори онҳо дар байни ҷавонон маҳбубият ёфтаанд.

Ozodi.org 

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт

Сорбон Салимов рӯзи 19-уми март ду фарзанду занашро бо бел зад ва кудаки 3-солаашро кушт. Зани 58-солаи ҳамсояро ҳам бо зарби бел кушт. Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд.

Ozodi.org 

"Замоне аз байнашон қил намегузашт, акнун фил мегузарад"

Гашти то ҳадде мустақилонаи Сооронбой Ҷеенбеков – раиси ҷумҳурии Қирғизистон – ва интиқоди бебоконааш аз кадрҳои даврони президенти собиқ Алмосбек Отамбоев, ду шарикро дар муқобили якдигар қарор дод.

Ozodi.org 

Овозхони Туркия барои таҳқири Эрдуғон ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО

Ҳунарманди синамо ва овозхони Туркия Зуҳал Олҷай бо ҷурми таҳқири президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми консерташ дар соли 2016  ба муддати 10 моҳ зиндонӣ шуд. Дар ин бора нашрияи "Ҳуррият" рӯзи панҷшанбе хабар дод. Навори таронаи Зуҳал Олҷай нишон медиҳад, ки овозхон матни сурудро дигар кард ва тарона дар шакли нав бо суханони "Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ин ҳама беҳуда аст, ин ҳама дурӯғ аст, зиндагӣ рӯзе ба охир мерасад ва хоҳӣ гуфт, ки ман ҳам орзуе доштам" садо дод. Ҳангоми сурудани тарона Олҷай бо дасташ ишораи таҳқиромез кардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Амирқул Азимов аз раҳбарии "Пойтахт" озод шуд

Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз роҳбарии маҷмаии тиҷоратии “Пойтахт” озод шудааст. Масъулини ин маҷмаа мегӯянд, моликони русу қазоқи маркази тиҷоратӣ дигар нахостанд Азимов раҳбари ин муассиса бошад.

Ozodi.org 

Маҷаллаи "Спецназ" аз таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ кард

Таҳрим ё бойкоти Думаи давлатӣ аз тарафи хабарнигорон дар ҳоле эълон шуд, ки порлумон нахост намояндаи мардумӣ Леонид Слутскийро, ки занҳои хабарнигор ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд, ба ҷавобгарӣ кашад. Маҷаллаи "Спецназ" низ аз таҳрим тарафдорӣ кард. Сардабири маҷалла Алексей Филатов дар блогаш навишт, ки аз қарори шабакаи телевизионии РБК ва нашрияҳои дигар барои таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ мекунад. Филатов гуфт, ки дастдарозӣ ба занҳо, бо истифода аз мақоми хизмаитиро метавон "аломати фасодкорӣ" унвон кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бо Баҳор ва Наврӯзи Тоҷикистон ошно шавед

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз бо як духтаре, ки Баҳор ном дорад ва бо як Наврӯзе, ки аксбардорӣ мекунад, сӯҳбат кард ва аз он пурсид, ки доштани номи Баҳору Наврӯз ба онҳо чӣ эҳсос медиҳад.

Ozodi.org 

Зикрулло Ҳакимов: "Наврӯз бӯи очаам мекунад"

Зикрулло Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик мегӯяд, Наврӯз ҳамеша ба ёди ӯ бӯи модарро меорад. Бӯе, ки инсон ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарад. Зикрулло Ҳакимов дар сӯҳбати муфассале бо Радиои Озодӣ аз хотироти наврӯзиаш қисса кард.

Ozodi.org 

Хайём нахустин бор дар Маскав рӯи саҳна меояд

Хайём Хайёлбеков, овозхони ҷавони бадахшонӣ дархости муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба инобат гирифт ва дар Маскав консерт баргузор мекунад. Хайём овозхониро дар хориҷ шурӯъ кард ва фикр намекард, ки рӯзе дар пойтахти Русия консерт баргузор мекунад.

Ozodi.org 

"Қаҳрамони Украина" бо гумони кӯшиши табаддулот боздошт шуд

Порлумони Украина рӯзи панҷшанбе бо аксари овозҳо аз пешниҳоди Додситонии кулл, дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва таҳти боздошт қарор додани намояндаи мардумӣ Надежада Савченко, пуштибонӣ кард. Савченко ба даст доштан дар омода кардани табаддулоти давлатӣ гумонбар шудааст. Ба думболи ин Хадамоти амнияти Украина ӯро боздошт кард. Надежда Савченко, ки ба гуфтаи додситони кулл Юрий Лутсенко бо раҳбари боздоштшудаи созмони "Копуси афсарон" Владимир Рубан ҳамдастӣ дошт, ба "тавтеа бо ҳадафи аз... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 22-уми марти 2018 (HD)

Президенти Тоҷикистон бо дабири кулли СММ вохӯрд, ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, сафари бидуни раводид ба Узбекистон, таҳқиқи сармоягузории маъракаи интихоботии собиқ Президенти Фаронса ва куштори бераҳмонаи зану тифле дар Кӯлоб.