World News in Tajik
Сентябрь
2018

Новости за 08.09.2018

Ozodi.org 

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Мянмар бидуни гол хотима ёфт

​Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии севумашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин бо тими ҷавонони Мянмар (U-21) бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ozodi.org 

Telegraph: Петров ва Боширов чанд дафъа дар Женева буданд

Александр Петров ва Руслан Боширов, ду нафари муттаҳам ба заҳролудшавии афсари пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Солсбери, чанд дафъа ба Женева рафтаанд. Дар ин бора нашрияи бритониёии Telegraph рӯзи 8-уми сентябр бо такя ба манобеи худ дар ҳукумат хабар дод. Ба навиштаи нашрия, Петров ва Боширов камаш ҷудо аз якдигар шаш дафъа ба Женева рафтаанд. Аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 онҳо нуҳ бор билети рафту баргаштро харидаанд. Манобеъ гуфтаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сафаров: "Тоҷикистон ба Варшава як ҳайати қавӣ мефиристад"

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба нишасти Варшава як “ҳайати нирӯманд”-ро, бо шумули ду намояндаи собиқи ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, мефиристанд. Ин ҳайат баъд аз зуҳри 9-уми сентябр ба пойтахти Лаҳистон (Полша) хоҳад расид.

Ozodi.org 

Лаҳзашуморӣ: Чархаи аввали Роғун кай фаъол хоҳад шуд?

Мақомоти Тоҷикистон расман эълон карданд, ки чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғунро 16-уми ноябри имсол, дар рӯзи президент, ба кор хоҳанд даровард. Дар саҳифаи аввали вебсайти расмии нирӯгоҳи Роғун низ соати маҷозие ба кор даромадааст, ки чанд рӯзу чанд соат ва чанд дақиқаву сония боқӣ мондан то фаъолшавии нирӯгоҳро мешуморад. Бино ба ин соат, то ифтитоҳи чархаи аввали Роғун 69 рӯзи дигар мондааст. Дар нирӯгоҳи барқии обии Роғун рӯзи 8-уми сентябр гуфтанд, ки охирин омодагиҳо барои фаъол кардани... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷоизаи Хайрулло Мирсаидов баъди раҳоӣ аз зиндон. ВИДЕО

Шӯрои Васоити ахбори омма, як созмони мустақили журналистӣ, ба Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – ҷоизаи ҳамраъйии журналистонро супурд. Маросими тақдими ҷоиза 8-уми сентябр, дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон, дар Душанбе баргузор шуд. Мирсаидов ҳангоми гирифтани ҷоиза дар як суханронии кӯтоҳ аз ҳамаи онҳое, ки барои озодиаш талош карданд, сипсогузорӣ намуд. "Ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад. Ва касе ҳам паси панҷара наравад", - афзуд ӯ. Хайрулло... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тазоҳуроти зидди амалиёти режими Асад дар Идлиб

Ҳазорон нафар бо норозигӣ аз тасмими ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, барои амалиёт дар шаҳри Идлиб баъд аз зуҳри 7-уми сентябр ба хиёбонҳо баромаданд. Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки ин амалиёт боиси фоҷиаи башарӣ хоҳад шуд. Эътирозҳо пас аз он оғоз шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон ва Владимир Путин – президенти Русия дар нишасти Теҳрон аз тасмими режими Асад барои таҳти назорати комил даровардани Идлиб – охирин паноҳгоҳи шӯришиён – пуштибонӣ карданд. Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як мушовири интихоботии Трамп ба ҳабс маҳкум шуд

Ҷорҷ Пападопулос, як мушовири ситоди интихоботии Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2016, ба хотири дурӯғгӯӣ ба маъмурони идораи таҳқиқоти федеролӣ ба 14 рӯз ҳабс маҳкум шуд. Додгоҳи федеролӣ дар Вашингтон рӯзи 7-уми сентябр Пападополусро маҳкум кард. Бар асоси як санади додгоҳ, ӯ дар ҷараёни мурофиа батакрор узр хоста ва афзудааст, ба хотири он дурӯғ гуфт, ки тамосҳояшро бо ҷониби Русия кам нишон диҳад. Пападополус аввалин касе аст, ки ба иттиҳомҳои воридшуда аз тарафи додситони вижа Роберт Мюллер эътироф мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон шаш узви гуруҳи ҳаёти озоди Курдистонро куштааст

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ки шаш узви як гуруҳи ҷангҷӯи курдро куштааст. Ин афрод дар ҳамлаи моҳи июл ба яке аз нуқтаҳои марзии Эрон дар наздикии Ироқ муттаҳам буданд. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ин шаш тан мутааллиқ ба гуруҳи ҳизби ҳаёти озоди Курдистон буданд. Ба гуфтаи Эрон, дар ҳамлаи рӯзи 20-уми июл, ин гуруҳи мухолифи сиёсии курд даҳ узви сипоҳи посдорони инқилобро куштаанд.   Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон, ки фаъолияташ мамнуъ аст, бо ҳизби коргарони Курдистон робита дорад.

Ozodi.org 

Нахоҳед тамошо накунед, дашном ҳам надиҳед

Намоишгоҳи рассоми ҷавон Маърифат Давлатова, ки тасвирҳои нимаурёни занони тоҷикро дар Душанбе ба тамошо гузошт, дар фурсати кӯтоҳ ҳангома ба по кард. Иддае даҳҳо тасвири офаридаи ин рассомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, зери он шарҳу назари аксаран танқидӣ навиштаанд. Бархеи дигар аз кори Маърифат Давлатова ҳимоят мекунанд. Кӣ чӣ мегӯяд? Дар ин навори видео бубинед.

Ozodi.org 

Нахоҳед тамошо накунед, дашном ҳам накунед

Намоишгоҳи рассоми ҷавон Маърифат Давлатова, ки тасвирҳои нимаурёни занони тоҷикро дар Душанбе ба тамошо гузошт, дар фурсати кӯтоҳ ҳангома ба по кард. Иддае даҳҳо тасвири офаридаи ин рассомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, зери он шарҳу назари аксаран танқидӣ навиштаанд. Бархеи дигар аз кори Маърифат Давлатова ҳимоят мекунанд. Кӣ чӣ мегӯяд? Дар ин навори видео бубинед.

Ozodi.org 

Вокунишҳо ба наққошиҳои Маърифат Давлатова

Намоишгоҳи рассоми ҷавон Маърифат Давлатова, ки тасвирҳои нимаурёни занони тоҷикро дар Душанбе ба тамошо гузошт, дар фурсати кӯтоҳ ҳангома ба по кард. Иддае даҳҳо тасвири офаридаи ин рассомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда, зери он шарҳу назари аксаран танқидӣ навиштаанд. Бархеи дигар аз кори Маърифат Давлатова ҳимоят мекунанд. Кӣ чӣ мегӯяд? Дар ин навори видео бубинед.

Ozodi.org 

Шаҳзода: Чаро мардҳо аз занони ситамкаш дифоъ намекунанд?

Шаҳзодаи Самарқандӣ, журналист ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, аз наққошиҳои Маърифат Давлатова ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ки тасвири зани урёну нимаурён дар ҳунари рассомӣ аз қадим буду ҳарфи нав нест ва набояд мояи нигаронӣ бошад.

Ozodi.org 

Номаи Путин ва Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як нома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 27-умин солгарди истиқлоли кишварро табрик гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин нома рӯзи 7-уми сентябр дастрас шуд. Путин дар номаи худ аз муносибатҳои Русияву Тоҷикистон тавсиф карда ва гуфтааст, “ин равобит ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд”. “Миёни кишварҳои мо муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарбахш дар бахшҳои тиҷоративу иқтисод, энергетика... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Хуҷанд" бо "Динамо"-и Самарқанд мусовӣ кард

​Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими Про-лигаи Узбекистон - «Динамо»-и Самарқанд – бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.