World News in Tajik
Июнь
2019

Новости за 30.06.2019

Ozodi.org 

Дидори Раҳмон бо Путин ва Лукашенко дар Минск

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн дар мулоқоти ғайрирасмии ҳамтоёни беларус ва руси худ Аляксандр Лукашенко ва Владимир Путин ширкат кард. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, сарони Русия ва Беларус масъалаҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ба навиштаи РИА Новости дертар ба ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ шуд. Расонаҳои дигари Русия ва ҳам Беларус ин мулоқотро асосан бо зикри номҳои Путин ва Лукашенко зикр намуда, хабаргузории беларусси Белсат омадани Путинро... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гулбаҳор Маҳкамова: "Ман аз вазъи имрӯзаам розӣ ҳастам"

Гулбаҳор Маҳкамова, муассиси созмони молии “Имон Интернешнл” ният дорад, дар вилояти Суғд низоми қарздиҳии исломиро ба роҳ монад. Ӯ аввали соли 2018, баъд аз 18 соли кор дар мақоми раиси созмони “Имон Интернешнл” гуфт, бо ҳадафи корҳои илмӣ тарки мақом мекунад.

Ozodi.org 

Обхезии фалокатбор дар ҷануби Сибир дар Русия

Мақомоти Русия гуфтанд, талафот аз обхезии фалокатбор дар ҷануби Сибир афзуда ва ба 5 нафар расидааст. Садҳо тани дигар осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рӯзи 29-уми июн гуфт, дар натиҷаи обхезӣ, ки садҳо хонаро дар вилояти Иркутск зери об кард, 350 нафар захм бардоштаанд ва 100 нафар дар шифохона муолиҷа мегиранд. Ба гуфтаи вазорат, як ҳавопаймои Ил-72 бо маводи лозим барои эҳтиёҷмандон ба минтақа расидааст. Хабаргузории давлатии “ТАСС” навишт, ки сел ба 4 ҳазор бинои истиқоматӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Сомон Эйр" аз иҷораи "Боинг 737 МАХ” даст кашидааст

Вебсайти маҷаллаи мӯътабари “Форбс” хабар додааст, ки ширкати “Сомон Эйр” аз иҷораи ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” даст кашида ва гуфтааст, ки сабаб нобоварӣ ба ҳавопаймо ва номуаянӣ дар замони баргашти он ба парвоз аст. Дар хабари маҷалла аз рӯзи 28-уми июн омадааст, ки қарор буд, то охири имсол “Сомон Эйр” як ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” -ро аз ширкати  Air Lease Corporation ба иҷора бигирад. Маҷалла аз қавли Томас Ҳаллам, мудири иҷроияи “Сомон Эйр” навиштааст, “Қарори иҷора муттавақиф шуд.” Ба гуфтаи Томас Ҳаллам... Читать дальше...

Ozodi.org 

ОПЕК+ коҳиши содироти нафтро баррасӣ мекунад

Раҳбарони Русия ва Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки гурӯҳи ОПЕК ва дигар тавлидкунандагони азими нафт мувофиқат кардаанд, ки қарори содироти тавлиди нафт барои боло бурдани қимати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ тамдид карда шавад. Владимир Путин рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Осака дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар гуфт, ки Русияву Арабистони Саудӣ тарафдори тамдид ҳастанд ва афзуд: “Бояд тасмим бигирем, ки 6 моҳ бошад, ё 9 моҳ. Шояд 9 моҳ шавад.” Путин дар ин бора баъди мулоқот бо Муҳаммад Бин Салмон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Даври нави гуфтӯгу бо Толибон дар Қатар оғоз шуд

Даври нави гуфтугӯҳо миёни Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ва намояндагони Толибон дар Қатар оғоз шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид - сухангӯи Толибон, рӯзи 29-уми июн дар Твиттер навишт, “даври нӯҳуми музокирот байни намояндагони Амрико ва гурӯҳи музокиротии Аморати Исломӣ дар Доҳа шурӯъ шуд.” Забеҳулло Муҷоҳид ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гуфтааст, тибқи барнома гуфтӯгу бояд субҳ оғоз меёфт, вале нисфирӯзӣ сар шуд. Толибон дар Қатар намояндагӣ доранд.  Гуфтугӯҳо дар рӯзе оғоз ёфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Доналд Трамп ва Ким Ҷон Ун ба ҳам даст доданд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Куриё даст дод ва қарор аст бо ҳам гуфтӯгу кунанд. Пеш аз парвозаш ба инҷо дар чархбол аз шаҳри Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мунтазири дидор бо Ким Ҷонг Ун аст, «то ба ӯ даст дода, салом гӯяд.» Мулоқот рӯзи 30-уми июн сурат мегирад. Мун Ҷае-ин раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки Трамп ва Ким ба ҳам «дасти сулҳ медиҳанд.» Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Киҳо дар ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҳиндустон мераванд?

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати тими миллии кишварро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019», ки рӯзҳои 7-19-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон доир мегардад, эълон кард.