Киҳо дар ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҳиндустон мераванд?
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати тими миллии кишварро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019», ки рӯзҳои 7-19-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон доир мегардад, эълон кард.