World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 21.10.2019

Ozodi.org 

Сафарҳои ногаҳонии раиси Маҷлиси Намояндагон ва вазири дифои Амрико ба Афғонистон

Ҳамзамон бо сафари аз қабл эълоннашудаи вазири дифои Амрико ба Афғонистон, раиси Маҷлиси Намояндагон ва шуморе аз қонунгузорони Амрико низ ба ин кишвар рафтаанд.  Тибқи хабарҳо, раиси демократи ин Маҷлис, ки раҳбарии ин ҳайати чандҳизбиро ба ӯҳда дорад, дар Кобул бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, Марк Эспер, вазири дифои Амрико ва фармондеҳони баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон, мулоқот кардааст. Маҷлиси Намояндагони Амрико дар баёнияе гуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду медали қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё

Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ миёни мардон бо ду медал -  як нуқра ва як биринҷӣ - мукофотонида шуд. Шаҳриёр ба чунин дастовард дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва бузургсолон, ки дар шаҳри Шаосинги Чин ҷараён дорад, мушарраф гардид. Ӯ нахуст рӯзи 17-уми октябр дар қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр бо натиҷаи 18 дақиқаю 23,70... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазири дифои Амрико ба Афғонистон рафт

Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва Марк Эспер вазири дифои Амрико рӯзи 20-уми октябр вориди пойтахти Афғонистон шуданд. Баъди расидан ба мақоми вазир дар моҳи июл бори аввал аст, ки Марк Эспер ба Афғонистон меравад. Сафари вакил ва вазири амрикоиро аломате аз талошҳои нави Иёлоти Муттаҳида барои хотима додан ба тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрико медонанд. Бино ба гузоришҳо Марк Эспер бо раиси ҷумҳур Ашрафӣ Ғанӣ мулоқот мекунад ва ба дидори баъзе аз 14 ҳазор нафар аз сарбозони Амрико меравад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Пас аз тазоҳуротҳои густурда ҳукумати Лубнон бо ислоҳоти иқтисодӣ мувофиқат кард

Дар чаҳорумин рӯзи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Бейрут ва чанд шаҳри дигари Лубнон, садҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар рӯзи якшанбеи 20-уми октябр ба кӯчаҳо баромаданд. Бинобар гузоришҳо, дар чаҳор рӯзи гузашта аз ҳама бештар рӯзи якшанбе мардум ба хиёбонҳо рехта буданд. Тибқи гузоришҳо, Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар вокуниш ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ тарҳи ислоҳоти иқтисодиро пешниҳод кардааст. Оқои Ҳарирӣ имрӯз, душанбеи 21-уми октябр ин пешниҳодро ба кобинаи вазирон ироа мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Устодони самбо аз Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон бо 4 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон, ки рӯзҳои 19-20-уми октябр дар шаҳри Лимассоли Қибрис баргузор шуд, бо чаҳор медал (як нуқра ва се биринҷӣ) бармегарданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон, рӯзи 20-уми октябр аз шаҳри Лимассол хабар дод. Ин довари маъруфи тоҷик, ки дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон аст, гуфт, "дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон дар Лимассол 315 варзишгари... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қазоқистон як гузаргоҳашро дар марз бо Узбекистон мебандад

Дар вилояти Тошканди Узбекистон гузаргоҳи марзии "Яллама" дар марз бо Қазоқистон то нимаи аввали соли 2020 баста мешавад. Сафорати Қазоқистон дар Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба таҷдидсозии гузаргоҳ фаъолияти он аз 1 ноябри соли 2019 то нимаи аввали соли оянда қатъ мешавад. Дар робита ба ин мақомоти гумруки Узбекистон аз шаҳрвандон хостаанд, ки тавассути гузаргоҳҳои марзии дигар убур кунанд. Гузаргоҳи марзии "Яллама" дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон ҷойгир аст.

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба Ҷопон рафт

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 20 октябр дар доираи як сафари корӣ ба Ҷопон рафт. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷеенбеков дар маросими ба тахт нишастани императори Ҷопон Нарухито иштирок мекунад. Ҳамчунин ӯ дар доираи ин сафар бо нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ, раҳбарони бузургтарин ширкатҳои ин кишвар ва қирғизистониҳое мулоқот хоҳад кард, ки дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд.

Ozodi.org 

Рӯзноманигори узбек Маҳмуд Раҷаб шартан аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷабро дар қочоқу ташкили бетартибӣ айбдор ва ба муҳлати 27 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум кард. Маҳмуд Раҷаб, ки 18 октябр, пас аз эъломи ҳукм аз толори додгоҳ озод шуд, то ба поён расидани муҳлати ҷазояш ҳақ надорад, Узбекистонро тарк кунад. Ҳамчунин дар ин муддат агар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ ё маъмурии дигар боз шавад, ҳукмаш иваз ва зиндонӣ хоҳад шуд. Маҳмуд Раҷаб гуфт, аз ҳукми додгоҳ ба ҷое шикоят намебарад. Мақомоти Узбекистон... Читать дальше...