World News in Tajik
Октябрь
2019

Новости за 29.10.2019

Ozodi.org 

Озодӣ Онлайн: "Шаҳрванди одӣ депутат шуда метавонад, аммо президент не?"

Видеои боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик, ки боиси эътирози дигар муҳоҷирон шуд, барфбории шадид дар Мурманск, зиндагии як ҷонвари аҷиб дар Тоҷикистон, мавзуи интихоботи порлумони ва президентӣ дар Тоҷикистон аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзи мост. Корбаре аз шаҳри Краснодар ба мо видеои лаҳзаи боздошти як муҳоҷири тоҷикро фиристод. Ӯ мегӯяд, ҷавони муҳоҷир мушкили сиҳатӣ доштааст ва кормандони пулис барои гуё итоат накардан ду зарба ба элетрошокер мезананд. Бемории саръ ё худ припадкаии ҷавон авҷ мегирад ва рӯи роҳ меафтад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Озодӣ-Онлайн: Барф ба сари муҳоҷирон, хобҳои интихоботӣ ва бабр

Видеои боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик, ки боиси эътирози дигар муҳоҷирон шуд, барфбории шадид дар Мурманск, зиндагии як ҷонвари аҷиб дар Тоҷикистон, мавзуи интихоботи порлумони ва президентӣ дар Тоҷикистон аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзи мост.

Ozodi.org 

Русия пойгоҳи худро дар Арманистон тақвият медиҳад

Мақомоти Русия мегӯянд, иқтидори ҷангии пойгоҳи 102-и худро дар Арманисттон ду баробар бештар хоҳанд кард. Интизор меравад, ин неру бо силоҳ ва техникаи пешрафтаи Русия муҷаҳҳаз гардад. Ба гуфтаи хабаргузории «Интерфакс», вазъи феълии пойгоҳ ва дурнамои онро фармондеҳи пойгоҳи 102-и Русия дар Арамнистон сарҳанг ё  полковник Николай Мартинюк дар гузоришаш ба вазири дифои Федератсияи Русия РФ Сергею Шойгу шарҳ дод, ки рӯзи сешанбе дар сафаре ба Арманистон пойгоҳи мазкурро бозрасӣ намуд. Қарор аст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нахуствазири Лубнон дар пайи эътирозҳо истеъфо дод

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аз мақомаш истеъфо дод. Оқои Ҳарирӣ рӯзи сешанбеи 29-уми октябр дар як суханронии телевизионӣ гуфт, ба "охири хат" расида ва аз мақомаш канорагирӣ мекунад. Ҳарирӣ аз мардуми Лубнон хост, оромиши дохилиро ҳифз кунанд. "Симматҳо меоянду мераванд, вале каромат ва амнияти мамлакат муҳимтар аст,"-гуфт Ҳарирӣ. Лубнон тайи ду ҳафтаи гузашта саҳнаи нооромиҳо ва эътирозҳои густурда ба вазъияти иқтисодии кишвар буд. Эътирозгарон ба... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа

Зиндонҳои пур, утоқҳои танг ва шароити бади зиндонҳо аз мавзуҳое аст, ки мақомоти расмӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато баррасӣ мекунанд. Коҳиш додани теъдоди зиндониён, аз бурдани шиканҷа мавзуҳои аслии ин нишаст аст, ки рӯзи 28-уми октябр шуруъ шуд.

Ozodi.org 

Талоши Борис Ҷонсон дигарбора натиҷа надод

Брекзит боз ба таъхир афтод. Иттиҳоди Аврупо розӣ шуд, ки хуруҷи Бритониёро аз созмони мазкур то 31 январи соли 2020 ба таъхир гузорад. Борис Ҷонсон - нахуствазири Бритониё қасд дошт то 31-уми октбяр кишварашро аз иттиҳод хориҷ кунад, аммо порлумон зид баромад.

Ozodi.org 

Қазоқистон ба ду фирорӣ аз Чин санади паноҳандагӣ дод

Ба ду қазоқтабори фирорӣ аз Шинҷони Чин - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ, ки бо гумони барқасдона ғайриқонунӣ убур кардани марзи Қазоқистон боздошт шуда буданд, ҳуҷҷати тасдиқкунандае дода мешавад, ки дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора Бауирҷон Азанов, вакили мудофеи фирориён хабар дод. Азанов гуфт, интизор меравад, мақомот имрӯз - 29 октябр чунин ҳуҷҷатро ба онҳо бидиҳанд. "Ин ҳуҷҷати ибтидоӣ аст, ки дар асоси он мақоми паноҳанда дода хоҳад шуд", - гуфт Азанов дар суҳбат бо расонаҳо. Читать дальше...

Ozodi.org 

25 муҳоҷири Узбекро аз асорати ғуломӣ дар Русия наҷот доданд

Вазорати умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, 25 шаҳрванди ин кишвар аз асорати ғуломӣ дар вилояти Астрахани Русия наҷот дода шуданд. Муҳоҷирон бо кумаки консулгарии Узбекистон тавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро аз соҳибкори маҳаллӣ бозпас гирифта, маошашонро низ дарёфт кунанд. Ба огаҳии вазорат, консули Узбекистон Хоҷабахлил Асамов ва раиси ҷамъияти узбекон Баҳодур Аминов 24 октябр ба ноҳияи Харабалини Астрахан рафта, бо 25 муҳоҷире мулоқот карданд, ки корфармо шиносномаҳои онҳоро мусодира ва аз додани маошашон худдорӣ мекард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Артиши Амрико чоҳҳои нафти Сурияро ҳифз мекунад

Қисме аз артиши амрикоӣ дар Сурия барои ҳифзи чоҳҳои нафт сафарбар мешавад. Низомиёни амрикоӣ чоҳҳои нафтро на танҳо аз ҳамлаи ҷангҷӯёни созмони террористии "Давлати исломӣ", балки аз ҳамлаи артиши Сурияву Русия низ ҳифз мекунанд. Дар ин бора вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер рӯзи душанбе дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод. Марк Эспер гуфт, артиши амрикоӣ дар Сурия нақши пулисро намебозад, аммо чоҳҳои нафти воқеъ дар ҳудудҳои зери назорати курдҳо бояд ҳифз шаванд. "ИМА назорати чоҳҳои нафти шимолу шарқи Сурияро идома медиҳад", - гуфт Эспер. Читать дальше...

Ozodi.org 

Амнияти Бишкекро дурбинҳои чеҳрашинос таъмин мекунанд

Дар назди Раёсати милисаи шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба хотири мониторинги таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо истифода аз дурбинҳои чеҳрашинос маркази рақамии фармондеҳӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора дар коллегияи Вазорати умури дохилии Қирғизистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳи ахир иттилоъ дода шуд. Ба огаҳии вазорат, ин ниҳод тавонистааст бо кумаки сармоягузорон 60 дурбини назоратии чеҳрашинос харидорӣ кунад, ки дар ҳоли ҳозир насби онҳо дар ҳудуди шаҳри Бишкек идома дорад. Вазорати умури дохилии Қирғизистон дақиқ нагуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев қонуни авфро шарҳ дод

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, рӯзи 29-уси октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ қонуни нави афвро шарҳ дод. Ӯ гуфт, маҳбусоне аслан шомили қонуни афв намешаванд, ки бо 13 моддаи Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд. Тафсилотро дар ин видео тамошо кунед.

Ozodi.org 

Украина хуруҷи нирӯҳояшро аз шарқи кишвар оғоз кард

Вазири хориҷаи Украина Вадим Пристайко гуфт, ки берункашии нақшавии нирӯҳо аз шаҳри Золоте, воқеъ дар минтақаи Луҳанк шурӯъ шуд. Беш аз панҷ сол аст, ки нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар шарқи ин кишвар бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар ҳолати ҷанг қарор доранд.  Пристайко дар як конфронси бахшида ба масоили сармоягузорӣ дар шаҳри Мариупол рӯзи 29 октябр суханронӣ кард ва гуфт, ки “хуруҷи нирӯҳо ҳамин ҳоло ҷараён дорад, мо имрӯз (ин барномаро) шурӯъ кардем”. Ӯ афзуд, ки татбиқи барномаи берункашии нирӯҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Корманди милиса дар Исфара барои латукӯби як мактабхон аз сафи ВКД ронда шуд

Милисае, ки исмаш барои латукӯби як хонандаи мактаб дар Исфара расонаӣ шуда буд, аз кор барканор шудааст. Дар бораи чунин рафтори Аҳад Ғайбуллозода, корманди шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и шаҳри Исфара нисбати Акбар Довудов -- хонандаи мактаби рақами 64 дар ҷамоати Чоркуҳ, Радиои Озодӣ авохири моҳи гузашта гузориш дода буд. Модари ин хонанда ба мақомот шикоят карда, таҳқиқи рафтори афсари милисаро тақозо карда буд. Назари ин корманди милиса ва наздикони ӯ ба тасмими аз кор озод шудани ӯ маълум нест... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мақомот ваъда доданд, ки авф бо ришвахорӣ олуда намешавад Вакили тоҷик гуфт, ки киро афв мекунанду киро не “Ҷудоии” Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ба таъхир афтод Муборизони коррупсияро дигар “даст намерасонанд” Футболбозони навраси тоҷик Аргентинаро мебаранд?

Ozodi.org 

Даъвати Amnesty International барои озодии блогнависи узбек

Созмони ҳомии ҳуқуқ Amnesty International ё Афви байнулмилал маъракаи даъват ба озод кардани блогнависи узбек Нафосат Оллошукуроваро ба роҳ монд, ки як моҳ пеш ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҷой дода шуд. Дар изҳороти рӯзи 28 октябраш Афви байнулмилал гуфт, ки фаъолон ва ҷонибдорони ин созмон аз президент Шавкат Мирзиёев озодии билофосилаи Оллошукурова ва хатми муолиҷаи маҷбурии ӯро тақозо мекунанд. Додгоҳе дар вилояти ғарбии Хоразм рӯзи 30 сентябр амр кард, ки Оллошукурова, модари ду тифли ноболиғ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳамлаи азими рахнагарони интернетӣ ба расонаҳои Гурҷистон

Дар паи ҳамлаи азими рахнагарон дар Гурҷистон  кори ду пойгоҳи телевизионӣ - Imedi ва Maestro ва инчунин ҳазорҳо вебсайт осеб дид. Ҳамла 28 октябр рух дод ва ба вебсайти додгоҳҳо ҳам таъсир расонид. Мақомот дар бораи осеб дидани санадҳои зиёди хусусиву иттилоотӣ гузориш доданд. Ираклӣ Чихладзе, сухангӯи ТВ Imedi дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “шабака фалаҷ шуд”. Ӯ гуфт, ки “телевизион сигнале дарёфт намекунад ва наметавонад барнома нашр кунад. Мо инчунин компютерҳои кории худро истифода карда наметавонем. Читать дальше...

Ozodi.org 

Виндман дар Конгресс дар бораи радди салоҳияти Трамп сухаронӣ мекунад

Як мақоми низомӣ дар Шӯрои амниятӣ миллӣ қарор аст дар баромади расмиаш бигӯяд, ки ду дафъа ба маъмурияти ИМА нигаронии худро баён карда гуфта буд, ки президент Доналд Трамп Украинаро водор мекунад, ки нисбати рақиби интихоботиаш аз демократҳо Ҷо Байден ва писараш Ҳантер Байден таҳқиқи ҷиноӣ ба роҳ монад. Лейтенант-полковник Александр Виндман, раиси умури аврупоӣ дар Шӯрои амнияти миллӣ қарор аст рӯзи 29 октябр дар Конгресс дар чаҳорчӯби  таҳқиқи радди салоҳияти президент ҳозир шуда, бигӯяд, ки ӯ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия ба Тоҷикистон ба маблағи $5млн силоҳу техника ҳадя кард

Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 320 миллион рубл (муодили 5 миллион доллар) силоҳ ва техникаи ҳарбӣ тақдим кард. Маросими тақдим рӯзи 28 октябр дар фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор баъди анҷоми машқҳои муштараки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар ин бора мақомоти низомии Русия ва дигар расонаҳо хабар доданд. Онҳо гуфтанд, тақдими техникаи ҳарбӣ ба артиши миллии Тоҷикистон пас аз размоиши "Бародарии шикастнопазир-2019" баргузор шуд. Расонаҳои Русия ин хабарро дар сархат қарор доданд ва таъкид намуданд... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Ҳаккерҳои Русия ба ниҳодҳои варзишӣ ва зидди допинг ҳамла кардаанд"

Ширкати "Майкрософт" мегӯяд, як гурӯҳ аз ҳамлаварони интернетӣ ё ҳаккерҳо Русия, бори дигар ниҳодҳои варзишӣ ва созмонҳои мубориза бо допингро ҳадафи ҳамлаҳои кибернетикӣ, қарор додааст. Як гурӯҳ, ки бо номи бо номи "Хирси зебо" ҳам шинохта мешавад, ҳадди ақал 16 ниҳоди байналмилалии варзишӣ ва созмонҳои мубориза бо допингро дар кишварҳои мухталиф ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи Майкрософт, "бархе аз ин ҳамлаҳо номуваффақ буданд. Аммо бештари онҳо бомуваффақият анҷом дода шудаанд. "Майкрософт"... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар паи саркӯби эътирозгарон дар Ироқ 17 нафар кушта шуд

Манбаъҳои тиббиву амниятӣ рӯзи 29 октябр гуфтанд, дар паи ин ки нирӯҳои амниятии ироқӣ шабонгоҳ ба ҷониби ширкатдорони намоиши эътирозӣ дар шаҳри муқаддаси шиаён Карбало оташ кушоданд, 14 нафар кушта ва 865 нафар маҷрӯҳ шуданд. Каме дертар се эътирозгар аз ҷароҳатҳои бардошта даргузаштанд. Эътирозгарон ҳукумати нахуствизири Ироқ Одил Абдул Маҳдиро дар фасод муттаҳам мекунанд. Аз замони шурӯи эътирозҳо дар  оғози моҳи октябр то кунун дасти кам 250 нафар кушта шудааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

ИМА: Муборизаи зидди гурӯҳи ДИИШ дар Сурия суръат бахшида мешавад

ИМА ният дорад муборизаи нирӯҳои эътилоф бар зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолушарқи Сурияро суръат бахшад. Изҳороти як мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ рӯзи 28 октябр, ду рӯз баъди амалиёти вижаи амрикоиҳо садо дод, ки дар натиҷаи он пешвои ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ кушта шуд. Қарор аст дар як нишасти вазирони хориҷа рӯзи 14 ноябр  рисолати ИМА баррасӣ шавад. Reuters мегӯяд, ки то ҳол гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла дар шаҳрҳои Парижу Ниса, Орландо, Манчестер, Лондон, Берлин... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нигаронӣ аз вуҷуди "Силоҳи сард" дар дасти ҷавонони Душанбе

Дар давоми тақрибан як ҳафта пулиси Душанбе дар пайи як амалиёт аз 13 наврасу ҷавон корд ва ашёи дигари хатарнок гирифтааст. Ин амалиёт дар пайи нигарониҳо аз афзоиши муноқишаву кордкашиҳои наврасону ҷавонон гузаронида мешавад. Мақомот ва сокинонро дар Тоҷикистон чанд соли ахир занозаниҳои гурӯҳии ҷавонон бо истифода аз корд ба ташвиш овардааст. Таҳлилгарон наврасону ҷавонони ҷангҷӯву кордкашро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: Наврасон аз оилаҳои нопурраву носолим ва ҳам аз хонаводаҳои сарватманду мансабдор.

Ozodi.org 

Гузоришҳо аз кушта шудани сухангӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ"

Нерӯҳои Демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо рӯзи 28-уми октябр гуфт, дар як амалиёти муштарак бо сарбозони амрикоӣ Абуҳасан Ал-Муҳоҷир, сухангӯи ДОИШ-ро куштаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 27-уми октябр хабар дод, ки раҳбари ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ дар амалиёте дар Сурия кушта шуд. Мазлум Абдӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Демократии Сурия дар "Твиттер" навишт, ки Абуҳасан Ал-Муҳоҷирро дар як рустое дар наздикии шаҳри Ҷароблус, начандон дур аз марзи Туркия ҳадаф гирифтанд. Баъди ин Мустафо Балӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Истиқболи ИМА аз музокироти байнулафғонӣ дар Чин

Вазорати умури хориҷии Амрико аз пешниҳоди Чин барои мизбонии даври ояндаи музокироти байнулафғонӣ истиқбол кард, ки ба гуфтаи Толибон рӯзҳои 29-ум ва 30-уми октябр дар Пекин баргузор мешавад. Хушнудии Амрико дар баёнияи муштараки ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида, Чину Русия ва Покистон зикр шудааст, ки онро намояндагони ин кишварҳо рӯзи 28-уми октябр баъди гуфтӯгуҳои якҷоя дар Маскав нашр карданд. Дар нишаст Амрикоро Залмай Халилзод, фиристодаи хоси ИМА барои Афғонистон намояндагӣ мекард. Мулоқоти... Читать дальше...