World News in Tajik

Амнияти Бишкекро дурбинҳои чеҳрашинос таъмин мекунанд

Дар назди Раёсати милисаи шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба хотири мониторинги таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо истифода аз дурбинҳои чеҳрашинос маркази рақамии фармондеҳӣ таъсис дода мешавад.


Дар ин бора дар коллегияи Вазорати умури дохилии Қирғизистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳи ахир иттилоъ дода шуд.


Ба огаҳии вазорат, ин ниҳод тавонистааст бо кумаки сармоягузорон 60 дурбини назоратии чеҳрашинос харидорӣ кунад, ки дар ҳоли ҳозир насби онҳо дар ҳудуди шаҳри Бишкек идома дорад.


Вазорати умури дохилии Қирғизистон дақиқ нагуфтааст, ки дурбинҳо бо пули кӣ харидорӣ шуданд.

Читайте на сайте