World News in Tajik
Июль
2025

Новости за 13.07.2025

Ozodi.org 

"Илтимоси халқ ҳамин аст, ақалан дар як рӯз як соат об диҳед"

Ба унвонии Радиои Озодӣ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе шикоятҳо аз камбуд ва ё набуди оби ошомиданӣ мерасад. Яке аз минтақаҳое, ки пайваста аз мушкили беобӣ азият мешавад, шаҳри Кӯлоб аст.

Ozodi.org 

Расонаҳо: Путин аз Эрон хост, ғанисозии уранро қатъ кунанд

Владимир Путин аз тасмим барои комилан даст кашидани Эрон аз ғанисозии уран пуштибонӣ кардааст. Хабаргузории Axios бо такя ба манобеаш навиштааст, изҳори назари Путин дар гуфтугӯҳои пӯшида бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп ва намояндагони Эрон садо додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Маскав ба Теҳрон тавсия додааст, ки аз ғанисозии уран пурра даст кашад ва Русия омода аст, ки урани ғанишударо аз Эрон барорад. "Путин аз эрониҳо даъват кард, ки дар ин самт кор кунанд, то музокироти беҳтаре бо амрикоиҳо дошта бошанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Pamir Inside: Мақомот сафари варзишгарони Бадахшон ба Бозиҳои исмоилиро манъ карданд

Мақомоти Тоҷикистон нагузоштанд, варзишгарон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар "Бозиҳои исмоилӣ" ширкат кунанд. Дар ин бора расонаи “Pamir Inside” 12-уми июл бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ozodi.org 

Амрико барои молҳо аз Аврупо ва Мексика боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад

Президенти Амрико эълон кард, ки аз 1-уми август барои молҳои воридотӣ аз Мексика ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 30 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад. Ин нукта дар номаи Доналд Трамп ба роҳбарони ин кишварҳо зикр шудааст. Ҷорӣ кардани таърифаҳои нав, як бахши асосии сиёсати Трамп барои бозбинии тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аст. Дар як ҳафтаи ахир, Кохи Сафед эълон кард, ки барои молҳо аз 23 кишвар, аз ҷумла Канада, Ҷопон ва Бразилия таърифаҳои нав ҷорӣ мекунад. Боҷҳои гумрукӣ аз 23 то 50 дарсад пешбинӣ шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сабаби суқути ҳавопаймои Ҳиндустон эълон шуд

Идораи ҳавонавардии Ҳиндустон гузориши пешакӣ аз суқути ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner-ро нашр кард. Дар ин ҳодиса, ки 12-уми июни имсол рух дод, 274 кас ҳалок шуд. Гузориш бар асоси маълумотҳои сабти парвоз ва дурбинҳои назоратӣ таҳия шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳавопаймо бо сабаби аз кор мондани дастгоҳи интиқоли сӯзишворӣ суқут кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки низоми додани сӯзишворӣ чаро аз кор мондааст. Ба гузориши коршиносон, дастгоҳи додани сӯзишворӣ баъди парвоз дарҳол ба ҳолати "хомӯш" гузаронда шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

AFP: Намояндагони Сурия ва Исроил дар Боку вохӯрдаанд

Намояндагони Сурия ва Исроил дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз наздик вохӯрдаанд. Ба гузориши хабаргузории AFP, ин дидор дар ҷараёни сафари Аҳмад Шаръ, раиси ҷумҳури муваққати Сурия ба Озарбойҷон анҷом шудааст. Хабаргузории AFP аз қавли манобеаш дар ҳукумати Сурия навиштааст, Аҳмад Шаръ дар вохӯрии рубарӯ бо намояндагони Исроил ширкат накардааст. Сабаб "ҷиноятҳои ҷангии ахири Исроил дар Сурия" гуфта шудааст. Баъди суқути ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024, Исроил ба маконҳои ҳарбии Сурия садҳо ҳамла анҷом дод. Читать дальше...