World News in Tajik
Июль
2025

Новости за 21.07.2025

Ozodi.org 

Тавсияи раис ба мансабдорон:"Аввал хидмат ба миллат, сипас зиёрати Ҳаҷ"

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, беҳтар аст мақомдорони давлатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.

Ozodi.org 

Тоҷикистон фазояшро боз кард. Билет арзон ва сафар беҳтар мешавад?

Дар Тоҷикистон сиёсати “фазои боз”-ро пеш гирифтанд, ки имкон медиҳад, ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бе маҳдудият ба шаҳрҳои гуногуни кишвар ва бо қиматҳои таъйинкардаи худ парвоз кунанд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми июли соли 2025 (Пахши зинда)

Дар Маскав муҳокимаи пешакии 19 муттаҳам бо ҳамла ба толори "Крокус" оғоз ёфт, муфаттишон марги асроромези сокини Тоҷикистон дар Тайлaндро таҳқиқ мекунанд, мақомдори тоҷик мегӯяд, "баъди барканорӣ аз мансаб ба ҳаҷ равед" ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Раиси Оҷонсӣ: мансабдорон баъди нафақа ба ҳаҷ раванд

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомдорони давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод. Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ барои адои маносики ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст. "Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муборизаи шаш тими Осиё барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Қуръакашии марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё, ки аз 8-ум то 14-уми октябри имсол баргузор мешавад, доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ, ки 17-уми июл дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур - барпо гардид, шаш дастаи иштироккунандаи марҳилаи чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи “А” тимҳои миллии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон, ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Индонезия дохил гардиданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

"305 ҳазор сомонӣ гирифт." Боздошти корманди пулис ва "шарикони ҷиноятпешааш"

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, Наимов Д.М. "қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар асоси маслиҳати пешакӣ бо якчанд шарикони ҷиноятпешаи худ" аз наздикони ду боздоштшуда 305 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Наимов ва шариконаш наздикони ду нафарро бо он тарсондаанд, ки нисбати хешовандонашон бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир парванда мекушоянд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Узбекистон барои ду маҳсулоти ҳамдигар боҷ ҷорӣ карданд

Тоҷикистон минбаъд аз нуриҳои минералӣ, химиявӣ ва азотие, ки аз Узбекистон оварда мешаванд, боҷи воридотӣ меситонад. Ин нукта дар як санади дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зикр шудааст. Радиои Озодӣ 21-уми июл бо муҳтавои ин созишнома ошно шуд. Дар ин санад гуфта нашудааст, ки гирифтани боҷ аз нуриҳои минералии Узбекистон аз кай оғоз мешавад ва ҳаҷми он чӣ қадар хоҳад буд? Бар асоси ин санад, минбаъд Узбекистон ҳам аз сементи Тоҷикистон боҷи гумрукӣ меситонад. Аммо ҳаҷми боҷи таъинкардаи... Читать дальше...