World News in Tajik
Апрель
2026

Новости за 13.04.2026

Ozodi.org 

Эътирози беш аз сад коргари чинӣ дар як шаҳри Русия

Гурӯҳе аз коргарони чинӣ бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи корашон дар шаҳри Комсомоли лаби Амури Русия даст ба эътироз заданд. Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, беш аз сад коргари чинӣ рӯзи 12-уми апрел бо навиштаҳое бо забони русӣ ва чинӣ дар кӯчаҳои шаҳр раҳпаймоӣ карданд. Онҳо дар муроҷиати худ аз президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари ширкати “Роснефт” Игор Сечин талаб кардаанд, ки ҳаққи корашон пардохт шавад. Эътирозгарон гуфтанд, коргари ширкати "Петро-Хэхуа"-и ҳамкори “Роснефт” мебошанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Оғози муҳосираи бандарҳои Эрон бо таҳдиди дигаре аз сӯйи Трамп

Соати даҳи 13-уми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон). Замонеро, ки Фармондеҳии Марказии Амрико ё СЕНТКОМ барои оғози муҳосираи бандарҳои Эрон дар атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз эълон карда буд, фаро расид. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 13-уми апрел дар шабакаи Truth Social таҳдид кард, ки "ҳар қаиқи таҳоҷумии тезрав аз тарафи Эрон ба хати муҳосираи мо наздик шавад, билофосила нобуд хоҳад шуд." Ӯ дар паёми нави худ ишора кардааст, ки артиши Амрико барои ин кор аз ҳамон тарзе истифода хоҳад кард... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти муовини пешини Қамчибек Тошиев

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Даниэл Рисалиев, муовини пешини раиси КДАМ ё Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро дастгир кардааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 13-уми апрел бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод. Ба иттилои манобеъ, маъмурони милиса ӯро дар вилояти Иссиқкӯл боздошт кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳанӯз шарҳе надодааст. Ҳамзамон иттиҳоми зидди ӯ рӯшан нест. Даниэл Рисалиев дар моҳи декабри соли 2025 муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон таъйин шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад

Леои шонздаҳум, поп ё раҳбари 1,4 миллиард католики ҷаҳон, гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад. Изҳороти ӯ дар вокуниш ба танқиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико садо дод. Ӯ 13-уми апрел ҳангоми сафараш ба Алҷазоир дар мусоҳиба бо хабаргузории “Рейтерс” гуфт, “ман ба зидди ҷанг садо баланд хоҳам кард.” “Имрӯз дар ҷаҳон одамони зиёд ранҷ мекашанд. Бисёре аз одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба назари ман, касе бояд бархезаду бигӯяд, ки роҳи беҳтаре ҳам ҳаст,” – афзуд раҳбари католикҳои ҷаҳон. Читать дальше...

Ozodi.org 

Стармер ҳимояти Бритониёро аз муҳосираи бандарҳои Эрон рад кард

Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш аз тасмими Амрико барои муҳосираи бандарҳои Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард. Кейр Стармер афзуд, тамаркузи онҳо бештар ба он равона шудааст, ки гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз “пурра боз” бошад. Вай рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ гуфт, “муҳим аст, ки гулӯгоҳ комилан боз бошад ва ҳамаи талошҳои худро ба ҳамин равона кардаем ва минбаъд низ чунин хоҳем кард.” Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, нерӯҳои кишвараш аз соати даҳи сездаҳуми апрел ба вақти шарқии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 13-уми апрели соли 2026

Вашингтон гуфт, муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз мекунад. Хонаҳои фарзандони Зайд Саидовро мегиранд. Корҷӯён пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоина ва имтиҳон мегузаранд. Чаро полиси Душанбе Хуршеда Раҳимоваро боздошт кард?

Ozodi.org 

Тоҷикистон қабул кард, гирифтани “патент” дар Русия осон мешавад?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 8-уми апрел тарҳи санадеро тасвиб карданд, ки иҷоза медиҳад, бисёре аз расмиёти муҳоҷират ва гирифтани иҷозаи ҳаққи кор дар Русия дар дохили кишвар анҷом дода шавад.

Ozodi.org 

Писари Зайд Саидов: "Дардамонро ба кӣ гӯем?"

Мақомот дар Тоҷикистон аз чаҳор фарзанди соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов талаб кардаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд, чун онҳо ба фоидаи давлат мусодира хоҳанд шуд. Хонаҳо дар як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгиранд.

Ozodi.org 

Трамп гуфт, муҳосираи Ҳурмузро оғоз мекунанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз соати даҳи рӯзи сездаҳуми апрел ба вақти шарқии Амрико, яъне соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон, муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз мекунанд.

Ozodi.org 

Баҳси даҳсола сари хонаи навсохт

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд иддао доранд, ки аз ширкате хона хариданд, вале зоҳиран ба доми қаллобон афтодаанд. Онҳо мегӯянд, ки беш аз 10 сол боз наметавонанд, ба хонае соҳиб шаванд, ки пулашро додаанд.

Ozodi.org 

Куштани даҳҳо саг дар як паноҳгоҳи хусусии Бишкек

Дар як паноҳгоҳи хусусии сагҳо дар Бишкек шахсони ношинос тақрибан чиҳил сагро паррондаанд. Онҳоеро, ки зинда мондаанд, буғӣ кардаанд. Ба гуфтаи соҳиби паноҳгоҳ, ӯро нахуст аз хона бо фиреб берун баровардаанду дар ин байн афроди мусаллаҳ ба ҳавлӣ даромада, сагҳоро ба таври дастаҷамъӣ куштанд.

Ozodi.org 

"Чаппагардон мекунем." Деҳқонҳоро дубора ба кишти пахта маҷбур кардаанд

“Куҷоро нигоҳ кардед, ҳама ришқа (юнучқа) коридааст. Пагоҳ пахтаро дар куҷо мекоред? 70 дарсад бояд пахта шавад. Тракторро медарорем. Кадом хоҷагие, ки ҳамингуна ришқа коридааст, ҷуфт мекунем. Фарқ надорад, кӣ аст.”

Ozodi.org 

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Афғонистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, 11-уми апрел тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Ozodi.org 

Гуштигирони тоҷик дар Бишкек ду медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии варзишии Осиё, ки рӯзҳои 6-12 апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек - баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (12 мард ва 1 зан) дохил буданд. Ду медалро намояндагони Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод байни мардон гирифтанд. Дар ин намуд дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт нафар рақобат карданд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Амрико ба муҳосираи дарёии Эрон оғоз мекунад

Артиши Иёлоти Муттаҳида аз рӯзи душанбеи 13-уми апрел муҳосираи дарёии киштиҳоеро оғоз мекунад, ки ба самти бандарҳои Эрон мераванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд. Фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) эълон кард, ки муҳосираи киштиҳо аз соати 17:30 ба вақти Теҳрон оғоз мешавад. Фармондеҳии марказии Амрико навиштааст, "ин муҳосира бидуни ҳеҷ табъиз (фарқгузорӣ)" нисбати ҳама киштиҳое татбиқ мешавад, ки вориди бандарҳои Эрон мешаванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд. Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад... Читать дальше...

Ozodi.org 

"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳи худ иқрор кардааст. Читать дальше...