World News in Tajik
Апрель
2026

Новости за 21.04.2026

Ozodi.org 

Даври дуввуми музокироти Амрикову Эрон сурат мегирад?

Мақомоти Эрон ширкати худ дар музокироти сулҳ бо ИМА дар Исломободи Покистонро рад кардаанд. Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки феълан ҳеч тасмиме барои рафтан ба даври дуюми музокирот надоранд.

Ozodi.org 

ИМА гуфт, киштии ҳабсшудаи эронӣ маводи корбасти дугона дошт

Хабаргузории Ройтерз бо такя ба чанд манбааш навиштааст, ки киштии “Туско” бо парчами Эрон, ки  аз ҷониби ИМА дар оброҳаи Ҳурмуз боздошт шуд, эҳтимол маводи корбасти дугона дорад. Яъне ҷиҳозе, ки метавонад ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам мулкӣ истифода шавад.

Ozodi.org 

AI: Аз байн бурдани "лайк" кори дуруст буд, вале вазъ зиёд тағйир накард

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, рӯйдодҳои ахир нишон медиҳанд, ки “ҷаҳон дар остонаи як аҳди нави хатарноке қарор дорад” ва ҳуқуқи байналмилаливу ҳуқуқи башар мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Ozodi.org 

Баҳонаҳое барои рондани муҳоҷирон аз Русия ду баробар зиёд мешавад

Дар як иқдоми навбатии зидди муҳоҷирон, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро ба баррасӣ гирифтааст, ки номгӯи қонуншиканиҳои маъмурӣ барои аз хоки ин кишвар берун кардани муҳоҷиронро ду баробар бештар хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 21 апрел Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар Telegram-канали худ хабар додааст. Дар рӯйхати қонуншиканиҳо чунин ҳолатҳо ёд шудаанд: вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба дастури қонунӣ ваё талаби ходими полис, содир кардани амалҳое, ки дар кори муассисаҳои таъминоти ҳаёти аҳолӣ халал мерасонанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як хонандаи мактаб дар Душанбе духтареро аз марг наҷот дод

Дар Душанбе як ҷавондухтаре, ки қасди ҷони хеш карда, худро ба дарё партофт, наҷот дода шуд. Рӯзи 19 апрел як хонандаи синфи ёздаҳи пойтахт лаҳзаи ба дарёи Душанбе афтидани духтареро дида, ба кӯмаки ӯ шитофтааст. Бино ба иттилои пулиси пойтахт, наврас хонандаи мактаби рақами 40-и пойтахт буда, тавонистааст сари вақт духтарро аз об берун оварад ва ба ӯ ёрии аввалия расонад. Ба гуфтаи мақомот, сабаби қасди ҷони худ кардани духтар муноқишаи оилавӣ будааст. Назари худи ӯ ва наздиконаш маълум нест. Ҳоло... Читать дальше...

Ozodi.org 

Хатлон бо ҳамлаи малахи марокашӣ рӯбарӯ шудааст

Дар вилояти Хатлон барои мубориза бо малахи марокашӣ омода мешаванд. Пойи ин ҳашароти гиёҳхӯр имсол барвақттар ба ҷануби Тоҷикистон расидааст. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон вазъиятро нигаронкунанда хонд. "Паҳншавии малах дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 74 ҳазор гектар зиёдтар мушоҳида шудааст. Ин масоҳати бениҳоят зиёд аст". Малахи марокашӣ соли гузашта ба аксар шаҳру ноҳияҳои Хатлон ҳамла кард ва ба киштзору зироатҳои мардум зиён расонд. Ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир аст.... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду фурудгоҳи аслии Теҳрон "боз шуданд"

Хабаргузории эронии ИСНА рӯзи 20 апрел хабар дод, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод, ду фурудгоҳи аслии Теҳрон, боз шудаанд. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии он кишвар навишт, "иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20 апрел содир шудааст". Хабари боз шудани ду фурудгоҳи аслии пойтахти Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки танҳо як рӯз ба поёни оташбас миёни Эрон ва Амрико мондааст ва ҳанӯз аз идомаи музокирот ва созиш миёни тарафҳо хабаре нест. Читать дальше...

Ozodi.org 

Хушҳолии вакилони рус аз ихроҷи зиёди муҳоҷирон

Вакилони Думаи давлатии Русия аз ин, ки шумори зиёди муҳоҷирон ронда шудаанд, изҳорӣ қаноатмандӣ кардаанд. Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия, инро натиҷаи қабули қоидаву қарорҳои нав дар самти муҳоҷират хонда, ситоиш кардааст. Ба гуфтаи вай, танҳо дар моҳи март аз қаламрави Русия 14 ҳазор муҳоҷир ронда шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми як соли ахир Маскав 72 ҳазор нафар хориҷиро депорт ё ихроҷ кардааст. Раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ин натиҷаи қарорест, ки ба пулиси Русия ҳақ дод, бе ҳукми додгоҳ муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Читать дальше...