World News in Tajik

Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон барканор шуд

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми май аз мақомаш барканор карда шудааст.


Ин тағйирот баъди як ҳафтаи омадани Ҷамолиддин Абдуллозода ба мансаби вазири тандурустӣ сурат гирифт. 


Дарвешзода ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон кор карда, як муддат сухангӯи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ҳам буд. 


Як корманди дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло Эмомалӣ Мирзоев сухангӯи нави вазорат таъин шудааст. Мирзоев то ин вақт сардори шуъбаи иттилоот ва робитаи бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе буд. Ҷамолиддин Абдуллозода ҳам то таъин шудан ба мақоми вазири тандурустӣ роҳбарии ҳамин бемористонро ба уҳда дошт.


Хабарнигорон Вазорати тандурустиро барои саривақт пешниҳод накардани иттилоъ ва надодани ҷузъиёти омори гирифторон ва қурбониёни бемории COVID-19 танқид мекунанд. 

Читайте на сайте