Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии шоири маъруф Рауф Парфӣ, ки қарор буд, 25-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тошканд баргузор шавад, иҷозат надоданд. Намояндагони қишри эҷодкор дар эътироз ба ин тасмими мақомот дар Фейсбук маъракаеро таҳти унвони "#parfimaniya" ба роҳ монданд.
Дар чорабинии мазкур қарор буд, шеърҳои шоир қироат ва дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намоиши саҳнаҳое дар назар буд, ки дар асоси шеърҳои Парфӣ омода шудаанд.
Як масъули Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфт... Читать дальше...