Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв ва озодии ҳазорҳо зиндонӣ аз маҳбас, 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст. Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст. Читать дальше...