Ҷасади як марзбони тоҷикро пас аз 16 рӯз аз об берун оварданд
Ҷасади Юсуфҷон Музаффарзода, як марзбони тоҷик, ки 16 рӯз қабл дар рудхонаи Панҷоб, дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Фархор ғарқ шуда буд, пайдо шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадро субҳи якшанбе сокинон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдиев пайдо карданд. Манбаъ афзуд, ки ҷасад пас аз берун овардан аз об, ба мақомот супурда шуд. Ин масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки "ҷасад аз реги лаби рудхона пайдо шуд, маҷрои об бисёр тез аст. Читать дальше...