Калестинӣ: Кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ҷабрдида ҳастанд. ВИДЕО
ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳолати рӯҳӣ ва мутобиқ шудани атфоли аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашудаи тоҷик, иқдомҳое рӯйи даст гирифтааст. Ин созмон дар навбати аввал мехоҳад, ба хонаводаҳое, ки ин кӯдакони аз падару модар маҳрумшударо қабул мекунанд, кӯмакҳои молӣ расонад.