World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 28.06.2018

Ozodi.org 

65%-и донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, ки дар хориҷа мемонанд

Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар берун аз кишвар ҷойи кор ёфта, муқим шаванд. Ин хулосаи назарпурсии навест, ки бо сарпарастии Бунёди Сорос миёни донишҷӯёни тоҷик гузаронда шудааст.

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ истихроҷу фурӯши нафтро афзоиш медиҳад

Арабистони Саудӣ нақша дорад, ки моҳи оянда истихроҷи нафти хомро ба миқдори рекордӣ расонад. Шореҳон ишора мекунанд, ки тасмими саудӣ бо пешниҳоди Президенти Амрико дар мавриди худдорӣ аз харидани нафти хоми Эрон ҳамзамон омадааст.

Ozodi.org 

Макон ва замони мулоқоти Трампу Путин мушаххас шуд

Мулоқоти президентҳои Амрико ва Русия - Донад Трамп ва Владимир Путин рӯзи 16-уми июл дар Ҳелсинки - пойтахти Финландия баргузор мешавад. Дар ин бора Кремлин ва Кохи Сафед рӯзи 28-уми июн хабар доданд. Дар Кремлин гуфтанд, ки раҳбарони ду давлат вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Русияву Амрико ва масоили байналмилалиро баррасӣ мекунанд. Барномаи мулоқоти Трамп ва Путин рӯзи гузашта баъди сафари Ҷон Болтон, ёвари президенти Амрико дар умури масоили амнияти миллӣ ба Маскав, эълон шуд. Худи Трамп борҳо гуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Макон ва замони мулоқоти Трамп ва Путин мушаххас шуд

Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия - Донад Трамп ва Владимир Путин рӯзи 16 июл дар Ҳелсинки - пойтахти Финландия баргузор мешавад. Дар ин бора Кремлин ва Кохи сафед рӯзи панҷшанбе хабар доданд. Дар Кремл гуфтанд, ки раҳбарони ду давлат вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Русия ва Амрико ва масоили байналмилалиро матраҳ мекунанд. Барномаи мулоқоти Трамп ва Путин рӯзи гузашта баъди сафари Ҷон Болтон, ёвари президенти ИМА дар умури масоили амнияти миллӣ ба Маскав, эълон шуд. Худи Трамп борҳо гуфтааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Занон ҳам мухлиси Месси ва Роналду ҳастанд

Футбол ва Ҷоми ҷаҳонӣ ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳушу ёди аксариятро ба худ ҷалб кардааст. Зери таъсири бехобиҳои мардону ҷавонон, дар бисёр хонаводаҳо ин шабу рӯз занону модарон ҳам ба мухлиси футбол табдил ёфтаанд.

Ozodi.org 

Идомаи эътироз дар шаҳрҳои Эрон

Эътироз бар зидди вазъи ногувори иқтисодӣ ва беқурбшавии пули миллии Эрон рӯзи чоршанбеи 27-уми июн низ идома дошт.

Ozodi.org 

Гимназияи рақами 53-ро дар Душанбе вайрон мекунанд

Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби гимназияи машҳури рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова шурӯъ шуд. Қарор аст, дар ҷойи ин гимназия дар тӯли як соли оянда мактаби наве бунёд шавад. Дар гузашта дар ин мактаб фарзандони мақомоти баландпоя, аз ҷумла писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардаанд. Ин мактаб, ки дар ҳамсоягии манзили раиси ҷумҳур воқеъ аст, ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Раҳмон буд. Ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, хонандагони гимназияи шумораи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тахриби гимназияи шумораи 53 дар Душанбе оғоз шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби гимназияи машҳури шумораи 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова шурӯъ шуд. Қарор аст, дар ҷойи ин гимназия дар тӯли як соли оянда мактаби наве бунёд шавад. Дар гузашта дар ин мактаб фарзандони мақомоти баландпоя, аз ҷумла писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардаанд. Ин мактаб, ки дар ҳамсоягии манзили раиси ҷумҳури Тоҷикистон воқеъ аст, ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Раҳмон буд. Ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, гимназияи шумораи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қазоқистон гуфт, аз тирамоҳ ба Тоҷикистон бензин медиҳад

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад. Ба навиштаи маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст. Муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қазоқистон мегӯяд, аз тирамоҳ ба Тоҷикистон бензин содир мекунад

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад. Ба навиштаи маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст. Муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Гурҷистон ҳарими ҳавоиро ба ҳавопаймоҳои Сурия баст

Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ширкатҳои ҳавонавардии Сурия масдуд кард. Ин қарор посух ба эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии мухтори Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи Сурия буд. Ба ин тартиб, ҳукумати Гурҷистон ду ширкати ҳавонавардии Сурияро, ки ба Русия парвоз анҷом медоданд, аз истифодаи ҳарими ҳавоияш маҳрум кард.  Ин тадбир барои Сурия дарднок буд, зеро хайтсайрро ба таври қобили мулоҳиза аз 30 дақиқа то 5 соат тӯлонӣ кард. Ба дунболи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Сурия, Гурҷистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ҳавопаймоҳои Сурия баст

Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ширкатҳои ҳавонавардии Сурия масдуд кард. Ин қарор посух ба эътирофи истиқлолияти ду ҷумҳурии мухтори Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз ҷониби Сурия буд. Ба ин тартиб, ҳукумати Гурҷистон ду ширкати ҳавонавардии Сурияро, ки  ба Русия парвоз анҷом медоданд, аз истифодаи ҳарими ҳавоияш маҳрум кард.  Ин тадбир барои Сурия дарднок буд, зеро хайтсайрро ба таври қобили мулоҳиза аз 30 дақиқа то 5 соат тӯлонӣ кард. Ба думболи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Сурия... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 28-уми июни соли 2018

Хабари таҷовузи духтари 7 сола ду мудирро аз вазифа маҳрум кард, Нерӯгоҳи Норак бозсозӣ мешавад, Чор фирории тоҷикро ба мақомот супориданд, Идомаи тазоҳурот дар Эрон, Арабистони Саудӣ гуфт бозооро бо нафт таъмин мекунад, Донишҷӯёни тоҷик ба ватан омадан намехоҳанд ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Туркманистон сафари шарҳвандони то 40-соларо ба хориҷ мамнӯъ кард

Туркманистон барои сафарҳои хориҷии шарвандони то 40-сола маҳдудият ҷорӣ кард. Ба иттилои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Дашоғуз  минбаъд сокиноне, ки синашон аз 40 поин аст, ҳаққи сафар ба хориҷро надоранд. "Дашоғузиҳо рӯзи 25 июн дар Хадамоти муҳоҷирати шаҳрӣ огаҳ шуданд, ки синни маҳдудияти сафар ба хориҷ аз 30 то ба 40 боло бурда шудааст", - изҳор дошт хабарнигори радио. Як сокини ноҳияи Сафармурод Туркманбошӣ гуфт, барои гирифтани иҷозатнома ва дарёфти раводиди сайёҳӣ ба хадамоти муҳоҷирати маҳаллӣ муроҷиат кард... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ширкати "РусГидро" Қирғизистонро ба додгоҳи Гаага мекашонад

Ширкати "РусГидро" Қирғизистонро огоҳ кард, ки дар робита ба бунёди силсила неругоҳҳои Норини боло ба додгоҳи Гаага даъво хоҳад бурд. Дар ин бора раиси "РусГидро" Николай Шулгинов хабар дод. "Бо даъвати ҷониби Қирғизистон фардову пасфардо ҳайати мо барои идомаи гуфтугӯҳо сафар мекунад. Ҳарчанд мо натиҷаҳои мусбатро интизор надорем. Мо ҳамзамон бо гуфтугӯҳо барои ҳалли масъала дар додгоҳи Гаага омода мешавем", - гуфт Шулгинов. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, то кунун огоҳномаи "РусГидро"-ро дарёфт накардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раҳбари пешини хадамоти амнияти Арманистон боздошт шуд

Раҳбари пешини хадамоти амнияти Арманистон, дар аҳди президенти қаблӣ Серж Саркисян, бо иттиҳоми "бойшавии ғайриқонунӣ" боздошт шуд.  Додгоҳе дар Ереван рӯзи 28-уми июн амри боздошти Вачаган Ғазариянро барои ду моҳ содир кард. Серж Саркисян, ки 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд, бо анҷоми муҳлати раёсаташ ба мақоми баланди нахуствазирӣ таъин шуд ва ин бӯҳрони сиёсиро дар кишвар ба бор овард. Саркисян бо талаби оммавии шаҳрвандон аз мақом барканор шуд ва роҳро барои ба қудрат расидани Никол Пашинян боз кард. Читать дальше...