World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 16.06.2018

Ozodi.org 

"Заҳматҳои Мессӣ барабас рафт" Аргентина – Исландия – 1:1

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Аргентина бозии аввали гурӯҳи D-ро, ки шоми имрӯз, 16-уми июн, дар варзишгоҳи «Откритие Арена»-и Маскав ба поён расид, бо тими миллии Исландия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Ozodi.org 

Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018: Фаронса – Австралия - 2:1

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии аввали гурӯҳи С, ки имрӯз, 16-уми июн, дар варзишгоҳи «Қазон Арена»-и шаҳри Қазон баргузор шуд, тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ozodi.org 

26 соли зиндон барои қатли бобову бибӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Музаффар Пирназаров, сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли бобову бибиаш ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ҳодиса моҳи сентябри соли 2016 рух дода буд.

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Амрико: Ин тобистон бо Путин дидор мекунам

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, тобистони имсол бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот хоҳад кард. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “ин мумкин аст, мо мулоқот хоҳем кард”. Президенти Амрико як бори дигар таъкид кард, ки барои Маскав иҷоза дода шавад, ба гуруҳи G-7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон бипайвандад. Русия баъд аз тасарруфи нимҷазираи Қрим ва ҳимоят аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина аз G-7 ихроҷ шуд. Ин давъати Доналд Трамп дар иҷлоси ахири ҳафт кишвари... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Истиқлол" дар қаҳрамонии Тоҷикистон пешсафи ягона шуд

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола бар тими «Орзу-2026»-и Ҳисор бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, бо 15 имтиёз дар ҷадвал пешсафи ягона гардид.

Ozodi.org 

Мулло Фазлуллоҳро “дрон” кушт ё "талоши хастагинопазир"?

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, марги Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари Толибони покистониро тасдиқ кард ва онро “қадами бузурге ба сӯи эҷоди боварӣ” миёни Кобулу Исломбод номид. Оқои Ғанӣ рӯзи 15-уми июн дар “Твиттер” навишт, бо нахуствазири Покистон ва намояндагони артиши он кишвар суҳбат карда, марги Мулло Фазлуллоҳро таъйид намудааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, кушта шудани Мулло Фазлуллоҳ “дар натиҷаи талошҳои хастагинопазири инсонӣ” анҷом ёфтааст. Аммо як мақоми аршади Вазорати дифои Амрико ва манобеъ аз истихбороти Покистон гуфтаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

ВКД Ғафур-бойбача ва ҳамсарашро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимов (Ғафур-бойбача), тоҷири маъруф ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Анҷумани байналмилалии бокс ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, Раҳимови 76-сола бар асоси се моддаи қонуни ҷиноӣ –тамаъҷӯӣ, сохтакорӣ ва қонунӣ гардондани даромадҳое, ки аз роҳи ҷиноӣ ба даст омадааст – муттаҳам аст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, эълони таҳти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп гуфт, буҳрони барномаи ҳастаии Пхенянро ҳал кард

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп иддао кард, ки пас аз мулоқоти таърихӣ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун буҳрони барномаи ҳастаии Пхенянро ҳал кардааст. Доналд Трамп рӯзи 15-уми июн дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “Барак Обама гуфта буд, барномаи силоҳи атомии Куриёи Шимолӣ бузургтарин хатарест, ки Иёлоти Муттаҳида ба он рӯ ба рӯ мебошад”. Ӯ гуфт, “ман он мушкилро ҳал кардам. Он мушкил ба таври комил ҳал шуд.” Президент Трамп рӯзи 12-уми июни имсол дар Сингапур бо Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп боздошт шуд

Додгоҳи федеролӣ дар Амрико рӯзи 15-уми июн Пол Манафорт, собиқ раҳбари ситоди интихоботии президент Доналд Трампро то замони шурӯи мурофиа ба ҳабс гирифт. Ҳафтаи гузашта Робет Мюллер, прокурори вижа, алайҳи Манафорт бо иттиҳоми “талоши харидани шоҳидон” айб эълон кард. Пол Манафорт шахси калидӣ дар таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури инихоботи президентии соли 2016 дар Амрикост. Аммо ӯ иттиҳоми Мюллерро дар додгоҳи канораи Вашингтон рад кард. Бо ин ҳол, додгоҳ қарори пешинаашро дар бораи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷашну пойкӯбии мардуми Эрон пас аз пирӯзӣ бар Марокаш

Пас аз пирӯзии як бар сифри тими миллии футболи Эрон муқобили Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия мардуми Эрон дар хиёбонҳо ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд. Аксу наворҳои нашрушда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки занону мардон, ҷавонон ва кӯдакон дар хиёбонҳо дар ҳоли рақсидан ва шодӣ ҳастанд. Хабаргузории ИРНА навишт, дар Теҳрон то соати дуи бомдоди 16-уми июн ҷавонон дар хиёбонҳо дар ҳоли шодӣ ва пойкӯбӣ буданд. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, бо нашри як акси худаш дар Твиттер навишт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пирӯзии Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Мисру Марокаш

​Дар рӯзи дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 15-уми июн - се бозӣ доир шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Миср ба поён расид.

Ozodi.org 

ҶҶ-2018: Пирӯзии Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Мисру Марокаш

​Дар рӯзи дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 15-уми июн - се бозӣ доир шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Миср ба поён расид.